04.03.2026 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти ҳамин унвон ба муносибати 55 — солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгории Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналисти варзида, профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ Гавҳар Умарова бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Олимзода Зоир, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ва Баҳодур Неъматов , чеҳраҳои саршиноси соҳаи рӯзноманигорию ҳунару санъати кишвар, ҳамдарсону наздикони соҳибҷашн ва устодону донишҷӯён маҳфили пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшида, профессор Гавҳар Умароваро ба ифтихори 55 — солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгорияш самимона табрик намуд.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки мо аз рӯзгор, ҷодаи эҷод, осору фаъолият ва аз маҳбубияти профессор Гавҳар Умарова ба хубӣ огоҳ ҳастем ва ифтихор мекунем, ки ин бонуи боҷасорат рисолати худро ошиқонаву содиқона бо истифода аз таҷрибаҳои бисёрсолаи худ ба ҷо оварда, ҳам дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва ҳам дар ҷодаи омӯзгорӣ муваффақ мебошад.
Профессор Гавҳар Умарова ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шуравӣ бо роҳандозӣ кардани як қатор барномаҳои ҷолиб чун журналисти номвар ном бароварда буд ва яке аз чеҳраҳои ошнои телевизиони ҳамон давра маҳсуб меёфт. Маҳз тавассути навоварӣ ва кӯшишҳои ӯ телевизиони давр аз як воситаи иттилоотрасон ба минбари баланди эҷодӣ ва мубоҳисаҳои судманд табдил ёфт. Профессор Гавҳар Умарова дар замони соҳибистиқлолӣ ҳам, хусусан солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо матонати бемисл ба гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон сафарҳои корӣ анҷом дода, ҳамчун журналисти варзида баҳри барқароркунии сохти конститутсионӣ ва тарғиби сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои мондагореро ба сомон расонидааст.
Ин бонуи пуркор ва мондагинопазир имрӯз ҳам рисолати худро содиқона ба ҷо меорад.
Ректори муассиса, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, профессор Гавҳар Умароваро ба муносибати 55 — солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгорӣ таҳният намуда, зикр кард, ки ин зани боирода чандин сол аст дар донишкада ба кори омӯзгорӣ машғул буда, садҳо шогирдонро тарбият намудааст, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои гуногуни телевизиону радио ва матбуоти даврӣ кору фаъолият доранд. Таъкид гардид, ки боиси ифтихори ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада аст, ки профессор Гавҳар Умарова имрӯзҳо низ дар донишкада дарсҳоро бо методҳои гуногуни муосир баргузор намуда, яке аз омӯзгорони маҳбуб маҳсуб меёбад.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим зимни суханронии табрикотии худ аз ҷумла зикр намуд, ки ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ Гавҳар Умароваро чун журналисти маҳбуб мешинохт ва дар барномаҳои ӯ бевосита иштирок мекард. Гавҳар Умарова тавассути барномаҳои пуртамошобини худ бо тамоми шоирону нависандагон мубоҳисаҳо анҷом дода, шеъру адабиёти моро тарғиб менамуд ва дар ин ҷода иқдомҳои шоистаеро рӯи кор овардааст. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон профессор Гавҳар Умароваро барои хидматҳои беназираш дар муаррифии шеъру сухан бо Нишони Сухани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Олимзода Зоир низ дар навбати худ профессор Гавҳар Умароваро ба ифтихори 55 — солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгорӣ табрик намуда, роҳи тайкардаи ӯ дар соҳаи журналистикаро омӯзанда ва намоди сарсупурдагӣ ба касби дӯстдошта арзёбӣ кард.
Сипас, барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва консертии омоданамудаи овозхонҳои маҳбуби кишвар ва устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ СИНО