
Санаи 17.03.2026 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки Ёрдамчии сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия Шуҳратзода Омина, сардори шуъбачаи ҷавонони шуъбаи огоҳонии пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилӣ дар ш. Душанбе, подполковники милитсия Саидзода Баҳрулло, дотсенти Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия Умарӣ Хайём ва устодону донишҷӯён бо мақсади пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа вохӯрии судманд баргузор гардид.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқук оид ба маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маълумот дода, дар умум зикр намуданд, ки имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.
Дар поёни вохӯрӣ байни иштирокчиён доир ба сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва оқибатҳои терроризму экстремизм музокира намуданд, ки мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

