Имрӯз фарзанди оҳангсози шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ, олими шарқшинос, санъатшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ Мунира Шаҳидӣ ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ташриф оварда, бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ намуд.
Мавсуфро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд ба донишкада хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои судманду ҳамешагӣ бо донишкада изҳори сипос намуд.
Мунира Шаҳидӣ ба донишҷӯён вобаста ба зиндагӣ ва фаъолияти оҳангсози шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ ва асарҳои эҷоднамудаи ӯ маълумот дода, дар давоми суханронияш аз ҷумла зикр намуд, ки ҷавонон бояд имрӯз фарҳанги тоҷикро муаррифӣ намуда, мақому мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон баландтар намоянд. Инчунин, таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва донишандӯзии ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Сипас, устодону донишҷӯён чанд сурудҳои вокалиро аз эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ иҷро намуданд, ки ба ҳунари онҳо аз тарафи Мунира Шаҳидӣ баҳои баланд дода шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ миёни устодону донишҷӯён ва меҳмони донишкада мубодилаи афкори судманд доир гардид.
ҚУДРАТОВ СИНО