Имрӯз (11.11.2025) дар толори китобхонаи муассисаи давлатии таълимии  “ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” тибқи нақша чорабиниҳои муассиса мулоқоти устодону донишҷӯён  бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия — Абдуллозода Одил Толиб ва Ҳамдамзода Садриддин Бахтиёр доир гардид.

Ректори донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ташрифи меҳмононро ба донишкада хушомадед намуда таъкид доштанд, ки “Мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, вохурӣ ва мулоқотҳои пайваста бо кормандони Агентии назорати давлати молиявӣ ва муқовимат бо коррупсия бо кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои давлатӣ аҳамияти бузург дорад. Мақсади асосии ингуна мулоқотҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва тарбияи фарҳангии зиддикорупсионӣ мебошад.

Сипас намоянда мақомоти Агентӣ назорати давлати молиявӣ ва муқовимат бо коррупсия Абдуллозода Одил Толиб суханронӣ намуда зикр дошт, ки мубориза бо коррупсия яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳонӣ ва миллӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта роҳҳои муассири пешгирии ин падидаи номатлуб вохӯрӣ ва мулоқотҳои судманд бо шаҳрвандон, донишҷӯён ва хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад. Коррупсия яке аз масоили мураккабтарин буда, хусусияти умумибашариро соҳиб гаштааст ва он ба намуди нави таҳдидҳои ҷаҳонӣ ворид мегардад.

Абдуллозода Одил Толиб зикр намуданд, ки  мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим арзёбӣ мегардад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ аз сиёсату қонунгузорӣ, фарҳанг то техналогияи муосир роҳандозӣ шавад.

Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳафзи истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва зиндагии орому шоиста мебошад. Таъкид гардид, ки коррупсия як монеи ҷиддӣ дар роҳи рушди давлатдории миллӣ мебошад. Таъсири ин падидаи номатлуб на танҳо ба вазъи иқтисодии кишвар монеа мегардад, балки бевосита ба ахлоқ, арзишҳои миллӣ ва эътимоди мардумро дар ҷомеа нисбат ба ҳаёти иҷтимоӣ коста мегардонад.

Дар анҷом бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса саволу ҷавоб баргузор шуд. Пешниҳод гардид, ки барои рушду ҳамаҷонибаи Ватани азизамон – Тоҷикистон  дар мубориза бо фасод ҳамдаст бошем то ин омили номатлубро решакан намоем.

Лутфулло Раҳимӣ.