«Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ваҳдат бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Орзуву ормони ҳар фарди ҷомеа хушбахту озоду осуда будан аст. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин буд. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ ҳастии миллат мебошад. Агар ба таърихи пурифтихори халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.
Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар партави сулҳу ваҳдат зина ба зина мустаҳакам гардид ва то имрӯз натиҷаҳои сармаранокеро ба бор оварда истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон ин ваҳдат ва ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хушбахтона айни ҳол фарзандони баномус, донишманду бохирад, соҳикасбу бомаърифат, хештаншиносу қавиирода ва дурандешу хештаншиносро дар оғуши хеш мепарварад.Дар ҳоли оне, ки ҷавонон боз ҳам бештар кӯшиш намояд, донишу малакаи хешро сайқал дода муттаҳидиро дар сатҳи олӣ пойдор нигоҳ доранд, Тоҷикистон аз имрӯз низ бештар ободу зеботар хоҳад шуд.
Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,
3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.
Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,
Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.
Хулоса, ободии ин сарзамини куҳанбунёд ба сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва истифодаи хиради азалӣ алоқаманд аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу вахдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Имрӯз бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ ва намунаи ибрат дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳу суботи тоҷиконро ҷаҳониён омӯхта истодаанд.
Ваҳдату ягонагӣ ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро таҷассум менамояд.
Вахдат — бехтарин неъмат, ҳаёти осоиштаи инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзабони берунмарзӣ, мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи точик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз таърихи гузаштаи кишварамон дарак медиҳад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфахмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон борҳо қайд намуданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаӣ он расад».
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Ҳақиқатан ҳам, Вахдати миллӣ пояи асосии шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад.
Мулоева Н. С. доктори фалсафа (PhD)-рӯзноманигорӣ,
муаллими калони кафедраи журналистикаи
телевизион ва радиошунавонии МДТ
“ДДФСТ ба номи М. Турсунзода”