«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду
ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ
ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд
ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ РАҲМОН
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Албатта ин соҳибистиқлолӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мухолифини ин озодӣ намехостанд ватанамон осудаву ором бошад. Зиддиятҳои мафкуравӣ мардумро ба майдонҳо кашид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз халқ бо муҳаббат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мехонанд, баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан дар муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон соли 1992 нахустсавганд ёд намуда, гуфта буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор кардани сулҳ равон карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам”.
Вақте сухан дар боби ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ дар байни мардум меравад, бидуни ихтиёр мо ин абёти адиби ҷаҳонии адабиёти тоҷику форс Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ба ёд меоварем, ки гуфта буд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Халқи тоҷик, ки аз давраҳои қадим бо салтанату давлатсозӣ, пешвоиву давлатдорӣ ва бузургии хеш ном баровардааст, баҳри ба даст овардани мустақилият, эъмори давлати соҳибихтиёри худ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ чи ҷоннисориҳо кардаву муборизаҳои беамоне бурдааст. Исми шарифи бузургоне, ки дар ҳифзи Ватан, ватандӯстиву ватансозӣ ва сулҳофарӣ ҷонбозию фидокорӣ намуда, онҳоро роҳнамоиву роҳбарӣ кардаанд ва ё сиёсатмадорони забардасту тавоное, ки бо донишу фазлу идрок ва сиёсати дурандешонаву мардумпарваронаашон чархи сиёсат ва иқтисоду иҷтимоъро ба ҳаракат даровардаанду медароранд, дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин дарҷ мегардад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нобудию нестӣ ва миллати мо аз парокандагию сарсонӣ наҷот ёфт.
Сарвари давлат 16 январи соли 1994 ба ҳамватанони ба хориҷи кишвар фирорнамуда муроҷиат намуда, онҳоро барои бозгашт ба Ватан даъват намуданд. Баъди ин даъвати самимӣ, тавре Қурбон Восеъ менависад: “Дар воқеъ, ҷустуҷӯи роҳу усули баҳамойии тоҷикон зиёда аз се сол идома дошт. Муҳимтарин рукни боарзиши ин баҳамойиро, муроҷиатномаи пайгиронаи Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшонд”. Мардум, минҷумла тарафҳои мухолиф дарк намуданд, ки сангарнишинию ҷангу бедодии бародаркушӣ бар сӯи нобудшавии кишвари тоҷикон ва миллати соҳибтамаддун мебарад. Андеша карданд, ба хулосаҳои даркорӣ омаданд, мардуми гуреза оҳиста-оҳиста ба диёр бармегаштанд, ки дар ин саҳми Сарвари тавонои кишвар бебаҳост.
Ин муроҷиатҳои пайвастаро аҳли адабу фарҳанг низ дастгирӣ намуда, гурӯҳҳои даргирро ба оромию ваҳдат даъват мекарданд ва барномаҳои созандаро нисори гӯшу ҳуши ҳамватанон месохтанд. Аз ин ваҳдату ягонагӣ дар осори адибони тоҷик, хусусан дар давраи соҳибистиқлолӣ аз масъалаҳои муҳиму аҳамиятнок ва орзуву омоли мардуми тоҷик дониста мешуд.
Ҳамин аст, ки даст ба ҷониби ҳамватанони парешон дароз намудан бо вуҷуди душвориҳои зиёд, меваҳои ширин бор овард, ки шаҳди онро 27 июни соли 1997 чашидем. Сарвари мамлакат дар ин рӯзи барои ҳамагон нишотовар бори дигар ба ҳамватанони муроҷиат намуда, таъкиди пай дар пай доштанд, ки “Бо дарназардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат, айни муддаост, ки рӯзи 27-июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намуда, ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид мекунем”.
Ҳамон рӯз, яъне 27 июни соли 1997 баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризияти миллӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сарвари давлат ба ватан баргашта, аз фурудгоҳ ба майдони назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ омаданд, ки он ҷо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Президенти кишвар паёми шодиоварро ба ҳозирин расонданд. Дар муддати ниҳоят кӯтоҳ аллакай суханварони шинохта ба Сарвари худ ҳамовоз шуда буданд. Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо рӯҳи шодиовару эҳсоси баланд нахуст шуда тавассути каломи бадеъ эҳсосоти худро, бардошти шоиронаи худро бахшида ба ин санаи тақдирсоз тавонист баён намояд ва халқро ҳар чи бештар ба муттаҳид шудан даъват намояд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо гузашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад…
Пири Канъон, чашми мо равшан
Юсуфи дилфигори мо омад…
Ҷойи таъкид аст, ки маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои дар созишнома баёншудаи тарафҳои мухолиф таъмини сулҳро дар кишвар таҳким бахшид. Мо ифтихор аз он дорем,ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон чун намуна пазируфта шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ, ба хотири ватан, амнияти халқу миллат ва арзишҳои бебаҳои миллӣ дода муттаҳид гарданд. Ин ҳама ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии сарвари оқилу дурандешамон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.
Бояд ҳамеша иқрор шуд, ки воқеан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талошҳои шабонарӯзӣ, ҷоннисориҳо ва азхудгузаштанҳо моро ба ҳам оварда, барои расидан ба сулҳи саросарӣ ва муттаҳидии миллат саҳми бебаҳо доранд.
Ин ҳамагӣ қадру манзалати ваҳдати миллӣ ва арзиши онро метавон дар шеъри “Таронаи ваҳдат” -и Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дарёфт:
Зи хоки пок суди мо зи ваҳдат аст,
Биё, шукуҳу буди мо зи ваҳдат аст.
Нишоти мо, вуҷуди мо зи ваҳдат аст,
Таронаву суруди мо зи ваҳдат аст.
Мо мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон минбаъд низ бо шукронаи Ваҳдати миллӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасем ва ҳаргиз намегузорем, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне ваҳдату миллат газанде ёбанд. Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Меҳриддин Холов
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода