«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Вахдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад. Сулху вахдат иборахоеанд, ки хамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулх—оштиву фарзонагй, якдигарфахмй ва толиби осоиштагй будани мардумро тачассумгар аст.
Вахдат бошад ба хам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму покзинату миллатдуст будан.
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст. Дар рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат (ҷанги шаҳрвандӣ) қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожаи гуворо ҷуз аз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигаре нест. Воқеан, ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ, ваҳдату якпорчагӣ бузугтарин неъматҳоеанд, ки инсоният метавонад онро дар тӯли зинагияш ба даст орад. Бузургии ин неъматро натанҳо имрӯз, балки аз гузаштаҳои дур низ васфу ситоиш мекарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.
Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандест дар қатори Истиқлолияту амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Воқеан, талошу ҷоннисориҳо ва иродаи созандагии Сарвари давлат ва халқи тоҷик буд, ки сарзамини тоҷикон аз майдони муқовиматҳои сиёсию ҳарбӣ берун шуд ва имрӯз халқи тоҷик дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки сулҳи тоҷикон чун ифодагари якдилии миллӣ, бо ҳам омадани миллат, оғози бедорию худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлолияту дарки масъулият муаррифӣ мегардад ва чун санаи таърихию фараҳбахш дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт шудааст.
Ваҳдати миллӣ барои кишвари мо дастоварди беназир ва ниҳоят арзишманд, асоси некӯаҳволии халқ, заминаи боэътимоди рушду пешрафти Ватани азизамон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як фарди бовиҷдон ва ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдату ягонагии миллиро ҳамчун гавҳари ноёб, дастоварди ниҳоят бузург ва сарвати бебаҳо муҳофизат намуда, дар баробари дигар арзишҳои миллии хеш қадр намояд. Бояд мо дар насли наврас ғояи сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро ташаккул дода, онро муҳимтарин ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу тафаккури миллӣ маҳсуб донем ва барои таҳкими он кушишу талош намуда, ягонагии миллиро нигоҳ дорем.
Осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ, риоя ва иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун ва ба ин васила ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ ва амсоли инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ба даст омада, зина ба зина ташаккул ва рушд ёфта истодаанд.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, яъне гулгулшукуфон гашт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Вахдат — бехтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон чонибдории мамлакатхои хамзамони берунмарзӣ мавқеу макоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд. Имруз иттифок ва хамдилии халки точик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттахид ва бисер ташкилотхои олам гардидааст. Худшиносй ва худогохии миллй гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат, якдигарфахмй истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ваҳдати миллии тоҷикон гавҳари бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
Аз ин рӯ, мо уҳдадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.
Меваи сулҳу ваҳдати миллиро чашидан беҳтарин арзише аст, ки инсон онро эҳсос менамояд. Мардуми мо, мардуми хуштолеъ мебошанд, ки ба ҳамин муваффақиятҳо расидаанд. Бигзор пойдории ваҳдати миллии ватани азизи мо абадӣ боқи монда Тоҷикистони биҳиштосои мо боз ҳам гулгуншукуфон гардад.
Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас бояд иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.
Шарофидинзод Муслиҳиддин Шарофидин
Омӯзгори калони кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ