Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии бошукӯҳ — барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада барои сарбозону афсарони қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барнома фарогири сурудҳои ватанпарварона буда, муқаддас будани Ватан, ваҳдат ва ягонагиро талқин менамуд.
Аз истиқболи гарм, кафкӯбиҳои бардавом ва рақсҳои ҷавонони саодатманд — сарбозони бонангу ор ва ҷонфидои Ватан — баръало эҳсос мешуд, ки устодону донишҷӯёни донишкада маҳорати баланди касбӣ нишон дода, бо ҳунарнамоии худ ҳамагонро ба ваҷд оварданд.