Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихии тоҷикону тоҷикистониён маҳсуб мегардад. Ин омили муҳими муттаҳидии аҳли кишвар ба шарофати кӯшишҳои пайвастаи Пешвои маҳбуб, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдор гардида, пайғоми оштии ҷовидонаи миллати мо барои садсолаҳои минбаъда, тимсоли сулҳ,  ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон буда, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

   Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи баҳамойӣ, пирӯзии миллати тоҷик бар қувваҳҳои аҳриманӣ, рӯзе, ки миллати тоҷик ба фоҷиаи бар сараш омада нуқта гузошт, таҷлил мекунем. Дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон барои мардуми Тоҷикистон фоҷиаи талхе ба вуқуъ пайваст.

   Гурӯҳҳои манфиатхоҳу мансабпараст бо кӯмаку дастгириҳои душманони миллати тоҷик аз хориҷи мамлакат мардуми шарафманди тоҷикро ба гурӯҳҳову майдонҳо барои пиёда намудани ақидаҳои ифротии худ ва ба даст гирифтани зимоми қудрат ҷудо намуданд. Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос қарор гирифт ва авзои ҷомеа рӯз то рӯз мураккаб мегардид. Гурӯҳҳои ифротгаро ва даҳшатафкан дар хиёбонҳои мамлакат даст ба қатлу куштор заданд. Ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон оғоз гардид.  Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳазорҳо ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд. Ҳазорҳо модарони ин сарзамин фарзандони худро аз даст додаву занон бе саробон ва тифлон ятим монданд. Садҳо ҳазор ҳамватанони мо маҷбур шуданд, ки аз ватани аҷдодии худ фирор кунанд ва номи гурезаро бигиранд.

   Дар он шабу рӯзҳо хатари даҳшатнок ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлат ба воқеият табдил ёфта буд. Бисёре аз ҳамватанони мо қурбонии дасисаҳову даргириҳо гардида буданд. Аҷнабипарастон сарзамини зебои моро ба харобазор табдил дода буданд.

   Хушбахтона, оғози асри 21 Худованд назари раҳмату шавқати хешро болои миллати басо азияткашидаву дар тули таърих ҷабрдидаи тоҷик арзонӣ дошт ва мардуми парешонгаштаро сару сомон бахшид ва бо сабаби заҳматҳо ва кӯшишҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вартаи нобудӣ ва паҳну парешон қарордоштаи тоҷикро, умри дубора бахшид. Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олӣ ба раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон боварӣ ва эътимоди мардумро бедор сохт. Маҳз ба сари қудрат омадани роҳбари ҷавону умедбахш Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосия, барои барқарории сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ заминаи устувор гузошта шуд. Иродаи қавии мардуми Тоҷикистон ба роҳбари тозаинтихоби кишвар ва Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ нерӯ мебахшид.  Хуб медонем, ки раванди эҷоди сулҳ кори саҳлу сода набуд. Маҳз талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи мо аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт, миллати парешон сарҷамъ омад, давлат обод шуд ва имрӯз гул гул шукуфон аст. Дар сурати мавҷуд будани сулҳу ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан, ки раванди сулҳи тоҷиконро мунтазам пайгирӣ мекард, дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд: “…таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори омӯзиш аст. Ин гуфтаҳои собиқ муншии СММ Кофе Анан аз он шаҳодат медиҳанд, ки сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти дохилимиллӣ, балки арзиши байналмилалӣ низ дорад.

   Дар замони ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳои дунё ва торафт мураккаб гардидани равандҳои сиёсию иҷтимоӣ дар ҷомеа аз ҳар як шаҳрванди ин сарзамини биҳиштосо тақозо мекунад, ки ба қадри Сулҳу Ваҳдати миллӣ, оромию осудагие, ки дорем бирасем. Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро азизу муқаддас дорем. Зеро бо роҳбарии ин абармарди таърих мо тавонистем дар як муддати кутоҳ мушкилоти мавҷударо паси сар намоем, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, шоҳроҳҳои азим ва корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда зиндагии мардумро беҳбуд бахшем. Ҳақ ба ҷониби шори ширинкалом Рудоба Мукаррам, ки фармуда:

                   Болотарин авҷи таманнои мост сулҳ,

                   Сарномаи дуову тасаллои мост сулҳ.

                   Мисли зулоли равшании чашми ахтарон,

                   Нури умеди бахти муҷаллои мост сулҳ.

 

 

 

 

 

ЛУТФУЛЛО Раҳимӣ