Ба қадри Ватан расем!
(Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
«МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.»
Ин суханҳои муқаддимавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни амиқи ватандӯстона доранд. Онҳо ифодаи иродаи халқи тоҷиканд, ки худро узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон дониста, барои наслҳои гузаштаву оянда масъул аст. Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи инсон, баробарии шаҳрвандон ва дӯстии миллатҳоро кафолат дода, бунёди ҷомеаи адолатпарварро ҳадафи асосӣ мегузорад.
6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнест, ки мо ҳар сол бо ифтихор таҷлил мекунем. Қабули Конститутсия дар соли 1994 оғози давраи нави давлатдории миллӣ гардид ва роҳи рушди устуворро барои кишвари мо муайян кард.
Ман он рӯзҳоро хуб дар ёд дорам — он рӯзҳои пурифтихори таърихиро, ки нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид. Он вақт ман донишҷӯи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигории телевизиони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) будам. Мо, ҷавонони он насл, бо чашмони пур аз умед ва дилҳои пур аз ормон шоҳиди оғози давраи нави давлатдории миллӣ гардидем. Он солҳо осон набуданд… Бароямон, махсусан барои ҷавондухтарон, таҳсил кардан бисёр душвор буд. Вақти ноором, рӯзгори пурташвиш ва зиндагии пур аз мушкил мегузашт. Аммо мо умед доштем — ба фардои неки Ватан, ба сулҳ, ба оромӣ ва ба хирадмандии роҳбари давлат. Мо таҳсил кардем, то Ватани худро обод намоем, наслҳои ояндаро тарбия кунем ва саҳми хешро дар рушди кишвари азиз гузорем.
Дар он рӯзҳои пурташвиш ҳамзамон дар телевизиони маҳалии шаҳри Кӯлоб фаъолият мекардам. Бо барномаҳои телевизионии худ кӯшиш менамудам, ки мардумро ба оромӣ, ваҳдат, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ даъват намоям. Ҳар сухан, ҳар барномаи он солҳо барои ман мисли нафас буд — нафасе, ки аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирифт. Дилам ба Ватан месӯхт, зеро медонистам, ки танҳо бо меҳр, бо ваҳдат ва бо қонун метавонем сарзамини азизамонро аз нав бисозем. Ватанамро ,Тоҷикистони азизамро дӯст медорам — бо тамоми вуҷуди худ, бо тамоми эҳсосе, ки аз замони ҷавонӣ то имрӯз дар дилам боқӣ мондааст!
Хеле бамаврид аст, бигӯем, ки бо шарофати ин санади олии ҳуқуқӣ ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ватани азизи мо дар тӯли солҳои истиқлолият ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Имрӯз дар тамоми гӯшаҳои кишвар биноҳои нави таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, боғчаҳои кӯдакон ва марказҳои иҷтимоӣ қомат афрохтаанд. Ҳамаи ин нишонаи татбиқи амалии меъёрҳои Конститутсия ва сиёсати бунёдкоронаи давлат аст.
Имрӯз ҳамчун омӯзгори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ифтихор дорам, ки дар ин давлати соҳибистиқлол кору фаъолият мекунам. Ҳар оғози дарсамро бо ин сухан оғоз мекунам: «Мо бояд Ватани худро дӯст дорем, ба қадри ин ободӣ, озодӣ ва хушбахтӣ бирасем, зеро ҳамаи ин бо шарофати қабули Конститутсия ва риояи қонунҳои давлатамон аст.» Ин на танҳо як андеша, балки як эътиқод аст — эътиқод ба арзишҳои миллӣ, ваҳдат ва пешрафт. Кӯшиш мекунам, то ҳар як донишҷӯ дарк намояд, ки риояи қонун ва эҳтиром ба Конститутсия заминаи субот, амният ва рушду шукуфоии Ватан аст.
Мо, ҳама кормандон ва омӯзгорони ин даргоҳи хеле бароям азизу муқаддас , саъю кӯшиш менамоем, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия намоем. Зеро эҳтиром ба Конститутсия маънои эҳтиром ба давлат, миллат ва ояндаи ободи Ватанро дорад.
Конститутсия ба мо меомӯзад, ки зиндагӣ бе қонун ва бе масъулияти шаҳрвандӣ имкон надорад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд ба қадри Ватан ва қонуни асосии он бирасад. Ба қадри Ватан — ба қадри Конститутсия ва ҳастии худ бояд расем!
омўзгори калони кафедраи журналистикаи
телевизион ва радиошунавонӣ
Умарова Муқаддас
