(Армуғон бахшида ба рӯзи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)
Ба номи Пешвои миллат
Як ҷаҳон хубӣ туро машҳур кард
Як ҷаҳон ҳарфи туро манзур кард
Як ҷаҳон андешаҳои равшанат
Тоҷикистонро ҳама пурнур кард
Васфи мудоро
Баҳри наҷоти инсон аз ростӣ нагарди,
Бо ҷангу бо хусумат ҳамеша дар набарди,
Найрангбозиҳоро мардона фош карда,
Аз чор сӯ ғаразро даъват ба хубӣ карди.
Бани башар чу бишнид ангезаи садоят,
Бархе ба ҳикмати ту гаштанд ҳамнавоят,
Хоҳи ба созиш ори ҳоли тамоми дунё,
Халқи тамоми дунё бегона не бароят.
Дар роҳи рушди кишвар, мардона раҳ наварди,
Наврузро ҷаҳонӣ густардахон ту кардӣ,
Халқат ба як муҳаббат гуяд Ҷаноби олӣ,
Олиҷаноб роят, олиҷаноб марди.
Паймон
Эй Ватан!
Сарзамини шедвандатро ҳимоят мекунам.
Парчами болобаландатро ҳимоят мекунам.
Марзу буму ному нангатро нигаҳбон мешавам,
Пешвои арҷмандатро ҳимоят мекунам.
Дурудномаҳо
Дурудҳо бар паёмат сарвари ман
Басо зебост аз ту кишвари ман
Ғаразҳоро ту хушоин намуди
Намак дар комҳо ширин намуди
***
Дуруд ранги баланди арғувонӣ
Дуруд роҳи сапеди зиндагонӣ
Дуруд ай сабз эй рамзи ҷавонӣ
Дуруд зебо дирафши ковиёнӣ
***
Дуруд зебо дирафши ковиёнӣ
Ту зиннатбахши мулки тоҷикони
Ба зери ҷилваат фархунда ҳастанд
Ҳама бо савту сози хусравонӣ!
БОЕВ Собир