Миллати тоҷик таърихан соҳиби давлатҳои бузург, дар мисоли Ҳахоманишиҳо, Ашкониёну Кушониён, Сосониён, Тоҳириёну Саффориён, Сомониён, Ғуриён ва монанди ин буданд. Ҳар як давлати тоҷикон парчами худро дошт, ки ҳамчун рамзи Истиқлолият ва нуфузи сиёсиву фарҳангии онҳо хизмат мекард. Бо гузашти солҳо парчам тағйир ёфта бошад ҳам, воқеияти он ҳамоно бетағйир мондааст; парчам рамзи ваҳдат, ягонагӣ ва мақомии соҳибихтиёрии давлати тоҷикон аст. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз Парчами миллӣ яке аз муқаддастарин нишонаҳои давлатдорӣ ва рамзи ҳамбастагии миллат буда, барои пойдории суботи сиёсӣ ва якпорчагии ҷомеа хидмат мекунад. Ин парчамест, ки дар лаҳзаҳои душвори ҷумҳурӣ қабул гардида, барои ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухолиф ва парешонгаштаи миллӣ хизмати арзанда кардааст.
Имрӯз ҳар куҷо парчами миллӣ парафшон аст, гувоҳ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон дорад. Гувоҳ аз он дорад, ки миллат озод ва ҷумҳурӣ соҳибистиқлол убуда, садои мо дар қатори абарқудратҳои пурқудрат дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон шунида мешавад.
Дар матабу донишгоҳҳо, идораҳо ва муаасисаҳои давлатӣ барафрохта шудани Парчам ифодагари ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстии мост. Ҳамин аст, ки соли 2011 дар дили кишвар баландтарин пояи Парчами миллӣ бо дарозии 165 метр қомат афрохт, ки бо чунин баландӣ дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин парчами дунё сабт гардид. Ин сарафрозӣ худ рамзи сарбаландӣ ва пирӯзии миллати тоҷик буд, ки алорағми ҳама тазодҳои тақдир дигарбора қомат рост карда, амсоли ин парчам ба пирӯзиҳои бузург мерасад.
Мавлуда Шарипова — донишҷӯи курси 4-уми кафедраи
журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ
