ҶУСТУҶӮ ВА ДАРЁФТИ МАРҚАДИ УСТОД РӮДАКӢ  АЗ ҶОНИБИ С. АЙНӢ

(Дар мисоли номаҳояш ба А. Лоҳутӣ)

 

Яке аз нишондодҳои назариявӣ ва амалӣ дар номаҳои устод Айнӣ, ки ба тақдири мероси адабии тоҷикон дахл дорад, масъалаи омӯзиши мероси адабӣ ва муайян намудани ҳуқуқи тоҷикон ба мероси гузаштаи худ мебошад. Ин хидмати таърихии устод Айниро барои ҳалли қазияе, ки дар асри гузашта воқеан тақдирсоз буд, дар ин мақола мавриди  пажӯҳиш қарор додем.

Бояд гуфт, ки масъалаи мероси адабӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини адабиётшиносии солҳои 20-ум то солҳои 40 – 50-уми асри XX ба ҳисоб мерафт, ки ин масъала на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шуравӣ, хусусан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна масъалаи ниҳоят муҳим ба ҳисоб мерафт. Баъд аз Инқилоби Октябр ақидае ба миён омада буд, ки онро пролеткулт (пролетарская культура), яъне маданияти пролетарӣ меномиданд. Барои равшан кардани ин матлаб мактуби В.И. Ленин ба Комитети Марказии РКП (б) қобили таваҷҷуҳ мебошад. В.И. Ленин зимнан доир ба масъалаи маданияти пролетарӣ дар съезди сеюми комсомол (соли 1920) нутқ эрод карда, аз ҷумла мегӯяд, ки «Маданияти пролетарӣ як чизи аз ҷойи номаълум ҷаҳида баромадагӣ нест, гапи аз худ бофтаву сохтаи одамоне нест, ки худро мутахассисони соҳаи маданияти пролетарӣ меноманд. Ин ҳама саросар сафсата аст. Маданияти пролетарӣ бояд тараққии қонунии ҳамон захираҳои дониш бошад, ки инсоният онҳоро дар зери зулми ҷамъияти ғуломдорӣ, помешикӣ ва капиталистӣ ҳосил кардааст».

 Яъне тамоми пешравиҳои ба даст овардаи инсоният дар муддати 2500 соли тараққиёт маҷмуи ҳамин ақидаҳост, ки маданияти пролетариро ташкил медиҳад.

     Салбӣ будани мероси адабии гузашта, таъсири хисорати пролеткулт ҳисобида мешуд. Ҷонибдорони маданияти пролетарӣ тамоми мероси маданиву адабии гузаштаро инкор мекарданд. Дар ҳамин гуна вазъият бузургтарин намояндагони адабиёти гузашта, аз қабили А. Рӯдакӣ, Саноии Ғазнавӣ, Фаридаддуни Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Ғазолӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Ҳофизу Бедил ва дигарон на танҳо омӯхта намешуданд, балки дар китобҳои мактабҳои миёна қариб то солҳои ҳаштодум ворид набуданд. Дар ибтидои роҳи дурусти муносибат ба мероси адабии гузашта устод Айнию А. Лоҳутӣ ва шогирдони онҳо меистоданд.

Ҳамаи адибони гузашта дар он замон ба эрониён нисбат дода мешуданд. Андешаҳо мухталиф буданд, сароғози мероси адабии тоҷикиро мутобиқ ба асри XV медонистанд ва баъзеҳо ақида доштанд, ки адабиёти тоҷик аз асри XIX шуруъ шудааст. Лекин устод Айнӣ ва А. Лоҳутӣ дар ҳамин ақида буданд ва ҳамин гуна равияро пайгирӣ мекарданд, ки адабиёти тоҷик давраи аз асри IX — X оғоз мегардад. Бо вуҷуди ин, то соли 1940 адибони бузурги форсу тоҷик, ки сирф ба эрониён нисбат дода мешуданд, дар китобҳои мактабҳои миёна аз онҳо чизе гуфта намешуд.

Аммо соли 1940 «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ном китобе бо хатти лотинӣ матраҳ гардид ва масъалаи таърихи адабиёти тоҷик аз ҷиҳати илмӣ, таърихӣ, адабӣ асоснок карда шуд. Бо вуҷуди ин, баҳсу мунозираҳо дар доираҳои Маскаву Ленинград низ давом мекунанд, баъдан дар давраи бозсозӣ (демократия) аз соли 1985 то соли 1991 муносибат ба мероси адабии гузашта дигар мешавад. Устод Айнӣ аз солҳои бистум бисёр бо қатъияту ҷиддият ва устуворона дар ҳамин роҳ меистад ва ҳуқуқи тоҷиконро ба мероси адабии гузашта аз нигоҳи илмӣ дуруст муайян мекунад.

Дар мактубҳое, ки устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ фиристодааст, яке аз масъалаҳои муҳим масъалаи тарғиби мероси адабӣ мебошад. Устод Айнӣ пеш аз ин дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ин масъаларо ҳаллу фасл карда буд, лекин боз баҳсу мунозираҳо дар атрофи он оғоз мегарданд, муборизаҳо давом мекунанд ва дар мактубҳо роҳи дурусти муносибат ба мероси адабии гузашта баён карда мешавад. Ин воқеа як ҳолатеро дар таърихи адабиёт нишон медиҳад, ки маҳдудиятҳои Давлати Шуравӣ омӯхтани мероси адабии тоҷиконро, ки махсусан дар мавриди дину шариат сухан меравад, бераҳмона ихтисор карда буданд ва хондани онро мамнуъ медонистанд.

 Таҳқиқу омӯзиши чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форсу тоҷик, яке аз муҳимтарин соҳаҳои фаъолияти эҷодии гуногунҷиҳатаи устод Айнӣ ба шумор меравад. Солҳои бистуму сиюм як даврае буд, ки дар зери таъсири пролеткулт тамоми осори адибони гузашта инкор карда мешуданд. Масъалаи муносибат ба мероси адабии гузашта дар гуфтаҳои шоҳиди зиндаи солҳои 20-30-юми садаи ХХ-устод Лоҳутӣ равшан баён шудааст. Ӯ дар съезди якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1934) сухан ронда, дар хусуси муносибати мункирони мероси адабии гузашта мегӯяд: «Ин шоирони қадим ҳама душманони синфӣ буданд ва адибони советӣ бояд асло ба асарҳои онон назар накунанд…».

 Яъне нигилизм (бе ҳеҷ асос инкор кардани маслаку мафкура) дар он вақт ҷой дошт, ҳам адабиёти гузашта ва ҳам мероси адабии гузашта эътироф карда намешуд. Ин гуруҳ аз шахсиятҳо аввалан, адабиёти гузаштаро ба пуррагӣ феодалӣ ва муқобили халқ медонистанд, дуюм ба устод Рӯдакӣ муносибати манфӣ доштанд. Аммо рафта — рафта замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меояд, соли 1925 соли Рӯдакӣ эълон мешавад. Баъд аз он қарори ҳизби Осиёи миёнагии ВКП(б) мебарояд ва дубора мутолиаи эҷодиёти устод Рӯдакиро боздошт мекунанд. Ғайр аз ин, аз солҳои 20 — ум то солҳои 60 — ум адибони бузурги гузашта, чун Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Хоқонии Шарвонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Соиб, Бедил, Зебуннисо моли фақат эрониҳо ҳисобида мешуд ва дар ин маврид баҳсу мунозира давом меёбад.

 Устод Айнӣ, ки доир ба устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Мушфиқӣ, Сайидо, Камоли Хуҷандӣ Алишери Навоӣ, Восифӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Тошхӯҷаи Асирӣ, М. Ҳайрат ва Ҷавҳарӣ барин адибонро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» мавриди баррасӣ қарор дода буд, осори онҳоро таҳқиқ намудааст ва баъдан дар номаҳояш ба адибони ҷавон доир ба онҳо изҳори назар мекунад. Лекин бо вуҷуди ин, баҳсу мунозираҳо дар атрофи онҳо оғоз мегардад, муборизаҳо давом мекунанд ва дар мактубҳо боз муносибат ба мероси адибони тоҷик ҷиддитар баён карда мешавад. «Мубориза бо боқимондаҳои пантуркизм дар солҳои бист, — мегӯяд адабиётшинос М. Шукуров, — дар вақти тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна аз ҳамин қабил масъалаҳо буд. Чунон ки маълум аст, китоби ҷомеи Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар роҳи мубориза бо пантуркизм, дар роҳи исботи мавҷудияти халқи тоҷик, истиқлоли маданият, адабиёт ва забони ӯ навишта шуда буд».

 Устод Айнӣ гоҳе чандин моҳ танҳо ба таҳқиқ ва дастрас намудани осори гузаштагон машғул мешуд. Ӯ роҷеъ ба таърихи адабиёти классикӣ як силсила рисолаҳо таълиф намуда, дар роҳи бартараф намудани муҳимтарин ва заруртарин муаммоҳои адабиётшиносии тоҷик муваффақ мешавад. Рисолаҳои «Устод Рӯдакӣ», (1940), «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1940), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (1942), «Алишери Навоӣ» (1948), «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ -ул-вақоеъ» (1956), «Мирзо Абдулқодири Бедил» (1954) ҳама аз ҷиҳати назариявӣ ва илмӣ арзишманд мебошанд.

Аз ҷумла дар мукотиботи устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ мушоҳида мешавад, ки устод давраҳои ҳаёти халқи тоҷик ва забони онро аниқ карда, барои дарёфти ҳақиқати таърихӣ машаққатҳо кашидааст. Яке аз кашфиёти ӯ ошкор сохтани зодгоҳ ва қабри Рӯдакӣ аст, ки аҳволи ин кор аз тарафи устод Айнӣ дар мактубҳои ба унвони А. Лоҳутӣ навиштааш баён шудааст.

Бузургони классики тоҷику форсро зимни  пажӯҳишот ва ҷустуҷӯҳои адабӣ ва таърихӣ ошкор намудани устод дар номаҳояш ба А. Лоҳутӣ бисёр хуб аён аст, ки яке аз ин чунин корҳои ӯ марқади Рӯдакиро бо муайян намудани маҳалли зисти ӯ пайдо кардан буд. Адабиётшиносон ин ҷиҳати тадҳқиқот ва кашфиёти ӯро махсус таъкид намудаанд. Аз ҷумла айнишинос А. Кӯчаров менависад: «Яке аз шоҳкориҳои безаволе, ки бо ҷидду ҷаҳд, раҳбарӣ ва ҳидоятҳои устод амалӣ гардида, аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро аз ихтилофи назар баровардааст, ин муайян намудани зодгоҳ ва оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии форс — тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад».

К. Айнӣ аз тадқиқоти падараш ёдовар шуда менависад, ки: «Дар мавзуи кофтуков ва ҷустуҷӯи маълумоти нав ва тоза роҷеъ ба устод Рӯдакӣ падарам ҳамеша мукотиба дошт, бо дӯстонаш ҳам аз аҳли адаб ва илм, ҳам бо шиносонаш ҳамеша дар ин бора суҳбат ва гуфтугӯ мекард.

 Яке аз орзуҳои вай ҳамоно кофта дидани қабри устод Рӯдакӣ ва пас аз ҳазор сол ба мардум намоиш додани акси чеҳраи он бузургвор — фарзанди халқ буд».

 Ин воқеаи муҳим бештар дар номаҳои ба А. Лоҳутӣ ирсол намудаи устод арзёбӣ шудаанд. Дар номаи 24 ноябри 1940, ки аз тарафи устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ ирсол шудааст, масъалаи зодгоҳи устод Рӯдакӣ ба миён гузошта мешавад. Ягона мақсади устод Айнӣ ин буд, ки самарқандӣ ва ё бухороӣ будани Рӯдакиро аниқ намояд. Чунки дар ин хусус шубҳае дар манбаъҳову тазкираҳо ва дар дигар сарчашмаҳои адабӣ мавҷуд буд, ки таърихнигорону тазкиранависон баъзе Рӯдакиро аз Самарқанд медонистанд ва баъзеи дигар ба Бухоро нисбат медоданд. Устод Айнӣ аввал дар «Намунаи адабиёти тоҷик» зодгоҳи шоирро Бухоро зикр кардааст. Аммо вақте ки дар номаҳояш ба А. Лоҳутӣ доир ба кофтуков ва амиқ кардани қабри Рӯдакӣ сухан мегӯяд, маълум мешавад, ки фикри худро иваз кардааст, чунки аз нақли шахсе бо номи Идрисӣ, ки ӯ Астарободӣ будааст ва баъд аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ фавтидааст, Рӯдакиро аз Самарқанд гуфтааст. «Таърихи Самарқанд»- ро, ки Идрисӣ навиштааст, мегӯяд, ки «Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак аст». Ҷойи дигар менигорад, ки «қабри Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак аст, ки яке аз қарияҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст».

 Устод аз мақолаи академик А.  Семёнов пай мебарад, ки «Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15-километрии шаҳри Самарқанд аст». Аммо устод Айнӣ ба А. Лоҳутӣ дар номааш мегӯяд, ки: «…ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд бо ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдак аз Панҷакат ёфт мешавад…».

 Устод Айнӣ бо тахмини худ ба ҳақиқат дучор мешавад, чунки ҳангоми ҳамсуҳбат шуданаш бо як мардикори форобӣ, маълум менамояд, ки дар минтақаи Панҷакент ҷойгир будани Рӯдак ва Панҷрӯдак аниқ будааст. Мақсади устод, қабл аз ҳама, марқади Рӯдакиро ошкор кардан буд. Устод Айнӣ барои тасдиқи ин маълумотҳо ба идораҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва ноҳияи Панҷакент муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи раиси ҳамонвақтаи Ҳукумати Панҷакент Шароф Муҳаммадиев деҳаҳои Рӯдак ва Паҷрӯдак дар фосилаи 60 — 70 километрӣ аз маркази  ноҳия қарор  доштааст. Устод Айнӣ дар идомаи нома ба А. Лоҳутӣ менависад: «Ман ин маълумотро ба Сталинобод ба Союз навишта илтимос кардам, ки як экспедитсияи расмӣ фиристонад». Маълумотҳои овардаро устод Айнӣ ба Сталинобод мерасонад. Ниҳоят, кормандони Академияи илмҳо Лутфулло Бузургзода ва аз наркомпрос (Комисариати маорифи халқ  – Ф.Н.) шахсе ба номи Гаретский таърихшинос ба Самарқанд омада, раисии ҳайати кашфиётиро ба уҳдаи устод Айнӣ мегузоранд. Устод Айнӣ аз сабаби иллати беморӣ рафта наметавонад ва тамоми маълумотҳоро оид ба деҳаҳои Рӯдак ва Панҷрӯдак ба онҳо медиҳад.

Билохира, бо роҳнамоии устод Айнӣ қабри Рӯдакиро пайдо мекунанд. Гаретский худаш ба қарияи Рӯдак нарафта, Л. Бузургзодаро мефиристонад. Устод Айнӣ менигорад, ки: «Аммо вақте ки Гаретский бо мухбири радиои Москва мусоҳиба кардааст, ҳамаи ин кашфиётро ба худ нисбат додааст».

Устод Айнӣ тадқиқот ва омӯзишҳояшро доир ба классикон дар номаҳо ба А. Лоҳутӣ гуфтааст ва чунин кори барҷастаи бузургро бо масъулияти том анҷом додааст.

 Яке аз одатҳои хуби устод Айнӣ дар роҳи  пажӯҳиш ин будааст, ки барои гирифтани баъзе маълумот бевосита ба халқ рӯй оварда, ёфтаҳояшро ба ақидаи халқ қиёс намуда, дар натиҷа хулоса мебаровард. Ӯ соли 1940, ҳангоми сафараш ба сохтмони канали Марғедар бо мардуми омма вохӯриҳо гузаронда, ҳамзамон аз онҳо суолҳои заруриро пурсон мешавад. Ӯ дар ин бора менависад: «Ман дар сари кори конол бо бисёр колхозчиён мусоҳиба кардам. Номи қишлоқҳои онҳо диққати маро ҷалб кард: шумо аз куҷо? -аз Ҳуснобод, шумо чӣ? -Нигинобод, шумо аз куҷо? -аз Майкада, шумо чӣ? — аз Зебон (Зебиён) ва ҳоказо. Ҳақиқатан районе, ки ба деҳаҳои худ ин гуна номҳои шоиронаро қабул кардааст, ҳақ дорад, ки монанди Рӯдакӣ як устоди номурдании шеъру музикаро расонад…».

 Дар ин мактуб аз гуфтаҳои устод Айнӣ бармеояд, ки бо ҷиддӣ анҷом додани кофтуков дар хусуси зодгоҳ ва қабри устод Рӯдакӣ ӯ ба муваффақияти бузурги илмӣ ноил гардидааст, ҳаракати худро барои расидан ба мақсадаш анҷом додааст. Яке аз мақсадҳои асосии устод Айнӣ омӯзиши илмии таъриху тамаддуни халқаш буд. Махсусан, дар мактубҳое, ки ба А. Лоҳутӣ ирсол доштааст, доир ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён фармудааст. Ӯ ба сифати як ҳақиқатҷӯи пурзӯр бо кашфиётҳои илмии худ дар ташаккул ва рушду нумуи илми тоҷикон саҳм гузоштааст, ки ин самти фаъолиятҳои ӯ ҳам дар номаҳояш ба А. Лоҳутӣ равшан дарҷ гардидаанд.

 

 

 

 

 

 

 

Наимова Фарзона Меҳрубоновна

        н .и.ф. омӯзгори калони кафедраи

                                                                     филологияи тоҷик ва забонҳои

                                                                      хориҷии МДТ “ДДФСТ ба номи

                                         М. Турсунзода”