ДУШАНБЕ, 16.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва такмили захираи луғавии шаҳрвандон аз соли 2019 инҷониб дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» доир мегардад. Дар робита ба ин масъулон муваззаф гардидаанд, ки фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гиранд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобхонӣ чӣ гуна тадбирҳоро бояд андешид?
Ба ин суоли АМИТ «Ховар» мутахассиси соҳа, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф ҷавоб мегӯяд.
— Пеш аз ҳама, барои беҳтар амалӣ шудани фарҳанги китобу китобхонӣ нахуст таҳқиқоти амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон бояд гузаронида шавад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян гарданд. Баъди анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи махсуси ташаккули фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам овард.
Инчунин вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахш анҷом диҳанд. Оид ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб вақт ҷудо шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ шинос гарданд.
Дар робита ба татбиқи самарабахши дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат китобдорони мамлакат бояд дар самти тарғибу ташвиқи китоб, ҷалби хонандагони нав ба китобхона ва ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб аз роҳу воситаҳои замонавии фаъолияти китобдорӣ истифода баранд, ҳамкориро бо тамоми ниҳодҳои масъули таълиму тарбия мустаҳкам намоянд.
Хулоса, китобдори имрӯза бояд фаъолияташро тавре амалӣ намояд, ки бо шарофати он хонандае, ки аввалин маротиба ба китобхона меояд, дар ниҳоди хеш майли пайваста ба ин даргоҳ омаданро пайдо карда тавонад.
Барои он ки хизматрасонии китобхонавӣ-библиографӣ ба категорияҳои гуногуни аҳолӣ дар сатҳи барои ҷомеа матлуб гузаронида шавад, анҷом додани тадбирҳои зерин мувофиқи матлаб аст:
— ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани намуди берунӣ ва дохилии ҳамаи китобхонаҳои давлатию оммавӣ;
— дар роҳравҳо ва пештоқи китобхонаҳо насб намудани овезаҳо ва шиорҳо дар васфи китобу китобдорӣ;
— бо мутахассисони баландихтисоси соҳа таъмин намудани китобхонаҳо;
— дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани гӯшаҳо бахшида ба адабиёти нодир;
— барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб ҳамасола дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ташкил намудани озмуни «Хонандаи беҳтарин»;
— таъмини пурраи китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ва пайваст намудани онҳо бо шабакаи интернет;
— барои хонандагони осебпазир (маъюбону нафақахӯрон, оилаҳои серфарзанд) ташкил намудани китобхонаи сайёр ва нуктаҳои китобдиҳӣ;
— ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти тозанашр;
— бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, мавчудияти китобхонаи шахсӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои мусбати хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бахусус телевизионҳои давлатӣ таблиғ шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»