Дар таърихи тамаддуни куҳанбунёди мо дар бораи решаҳои пайдоиши ҷашни Сада маълумоти фаровон мавҷуд буда, пайванди анъанаҳои онро бо гиромидошти рамзҳои маънодор мардумамон ба мерос гирифтаанд. Ин маъноҳо аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошанд, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки мардуми ориёитабор новобаста аз гароишҳои мазҳабию динӣ ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш кунанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва аз ҷониби мубадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.
Дар баробари ин, ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯи оташ намуда, дастони худро ба сӯи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногун барои рӯзгори худ маросимҳо бунёд мекарданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост. Ҳанӯз дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар байни олимону донишмандон назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муаррихону файласуфон ва муҳаққиқони соҳа онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва дар сарчашмаҳои таърихӣ ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммули рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва пасиниён онро то рӯзгори мо расонданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Маҳз нуқтаи дигар он аст, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст дар замонҳои бостон инсонҳои ҷомеаи ибтидоӣ, ки акнун дар бораи муҳити зисти худ меандешиданд, ба Хуршед эҳтироми зиёд доштанд. Онро муқаддас меҳисобиданд. Баракати зиндагии худро ба он пайваст медонистанд. Ҳамин буд, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё ба Хуршед, баъдҳо ҳамчун рамзи он ба оташ чун падидаи муқаддас эҳтиром мегузоштанд. Бахусус, дар он кишварҳое, ки дар он ҷо сармо бештар аст, чун рамзи Хуршед аз оташ гулхани хурду бузург афрӯхта, дар гирди он шодиву сурур менамуданд. Ҳамчунин, маҳз Хуршед аст, ки бар пояи рӯшноии он дар рӯи замин, одамон ба кишоварзӣ машғул мешаванд. Бо самари кишту кори худ рӯзгори хешро пеш мебаранд.
Сарчашмаҳои дигари таърихӣ он аст, таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва устураи Ҳушанг маълумот дода, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми ориёӣ аз таассуроти одамони ибтидоӣ бо табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта, бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодию зеҳнӣ ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ (ба мисли ҷашни Сада ва Меҳргон ва амсоли онҳо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд. Вобаста ба ин, «Дар дигар сарчашмаҳои оиниву устуравии мардуми ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон аввалин андешаву орзуҳои мардум ифода ёфтаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо рамзи таассуроти нахустин халоиқи олам инъикос шуда, баъдтар тавассути мазҳабҳои мухталифи миллӣ ва дигар манбаъҳои хаттӣ пояи устувор пайдо кардаанд. Устураҳои миллии халқҳои эронитабор маҳз дар ҳамин сарчашмаҳо ҷой гирифта, аз ҳамин роҳ ба фарҳанг ва адабиёти бадеӣ шомил гардидаанд».
Оид ба истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба андешаи устурашиноси маъруфи эронӣ М. Баҳор, ин ташреҳи истилоҳи «сада», ки гӯё аз ду панҷоҳ сохта шуда бошад, иштиқоқи оммиёна аст. Сада аз решаи sand-и авестоӣ аст ба маънои «зоҳир шудан» аст. Яъне, хуршед пас аз чил рӯз зоҳир мешавад» . Бинобар ин гуфтан лозим аст, ки Сада пас аз чил рӯзи Шаби Ялдо – оини дигари бостонии ориёӣ, ки зодрӯзи Эзид Митра буд, баргузор мегардад. Ин чил рӯз ба чиллаи калони тақвими мардумии тоҷикон, ки онро чиллаи зимистон низ меноманд, айният дорад. Аз ин хотир, тафсири М.Баҳор ба ҳақиқат наздик ва қобили қабул мебошад.
Доир ба пайдоиши ҷашни Сада Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» навиштааст: «Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб [Заҳҳок] тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯзе, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номи ӯ Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афредун ӯро бигрифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ӯ нигаранд. Ӯ касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд…».
Ҳамин тариқ, пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳони асотирӣ – Ҳушангу Фаридун ва ҳатто ба шоҳи таърихӣ – Ардашери Бобакон низ нисбат додаанд.
Таърихнигорони бузурги форс-тоҷик, аз ҷумла, А.Фирдавсӣ, Берунӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ дар китобҳои худ овардаанд, ки ҷашнгириҳои Сада ба сони ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯз дар замонҳои худ, то истилои муғул идома дошта, ҳатто дар аҳди шоҳони турктабор бо ҷалолу шукӯҳи вижа баргузор мешудааст. Унсурӣ дар замони ҳукмронии Fазнавиён ба ҷашни Сада қасидае сароида, онро ба Маҳмуди Сабуктегин мебахшад, ки матлаъи он чунин аст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Офаридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. “Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард”. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд.
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» навиштааст: «Ҳар сол то ба имрӯз ҷашни Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрону Турон ба ҷой меоваранд. Баъд аз он ба имрӯз замони ин ҷашн ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд ва фақат зардуштиён, ки нигаҳбони сухани бостонӣ буда ва ҳастанд, ин ҷашни бостониро барпо медоштанд».
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди тоҷик, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангии мо эҳё ва густариш пайдо намуда, муаррифии фарҳанги миллат дар сатҳи байналмилалӣ бунёдгарии арзишҳои дар тули ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи ниёгон устувор гузошт. Имрӯз ҳар як тоҷики соҳибтамаддун аз ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои бостонии миллат, аз ҷумла, Наврӯз ва Сада, ифтихор мекунад. Ташаббускориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар мавриди ба феҳристи мероси моддиву uайри моддии башарият ворид намудани номгӯи муайяни мероси ниёгон арзёбӣ мегарданд. Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки меросбарони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ мебошад. Пешвои миллат пайваста таъкид ва ишора менамоянд, ки ба хотири зинда намудани ин ҷашни аҷдодӣ соли 2018 бори нахуст ба таври алоҳида ба муносибати Ҷашни Сада Паёми табрикии хешро манзури тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд. Доир ба ин рисолати фарҳангии ориёиҳо ва ҳифзи мероси таърихӣ аз ҷониби гузаштагони мо Пешвои миллат бахшида ба ҷашни Сада чунин гуфта буданд: “… Ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд”. Боиси ифтихор аст, ки санаи 6 – уми декабри соли 2023 бо ташаббускории Пешвои фарҳангпарвари миллат ҷашни Сада аз тарафи ЮНЕСКО ба феҳристи мероси uайримоддӣ ворид карда шуд. Ин боз як қадами неки меросбарони ин фарҳанги зебо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Эҳё ва сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шудани ҷашни қадимаи мо Сада ин нишонаи хиради воло ва таърихии кӯҳан доштан халқи моро таҷассум менамояд.
Воқеан, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ниёгони мо пас аз ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзии баҳорӣ омодагӣ мегирифтаанд. Як одати аҷиб ҳам буд, ки деҳқонон хокистари гулхани Садаро ба халтаҳо гирифта дар кори заминҳои саҳроӣ мепошанд.
Дар умум, ҷашни Сада ин арҷ гузоштан ва иззату эҳтиром гузоштан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат, дӯстиву дӯст доштан, мебошад. Дар ин айём аз рӯи хирад амал кардан, хайру саховат намудан аст. Ҷашни Сада бо як силсила одобу суннатҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ то замони мо омада расидааст. Яъне ҷашни Сада таҷассумгари uояҳои некии башардӯстона буда, мардумро ба ободкорӣ дават менамояд ва рамзи сарҷамъи мардумон мебошад.
Зокирзода Суҳроб Ибод
номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти кафедраи ҷомеашиносии
МДТ ДДФСТ ба номи М.Турсунзода