Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ибтикори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ аттестатсияи донишкадавии унвонҷӯён ва докторантон (PhD) баргузор гардид.

   Ба кори аттестатсияи унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ А.Ф.  ҳусни оғоз бахшида, аз ҳар як унвонҷӯй ва докторант (PhD) аз натиҷаи таҳсил, рафти кори илмӣ ва муҳлати ба охир расонидани кори илмиро пурсон шуда, ба ҳар як унвонҷӯ ва докторант барои ҷамбасти корҳои илмиашон муҳлати муайян доданд ва касоне, ки корҳои илмияшонро бо роҳбарони илмиашон хуб ба роҳ монда шудаанд аз аттестатсияи ниҳоӣ гузарониданд.

  Пас аз ба итмом расидани аттестатсия хулосабарорӣ шуд, ки рисолаҳои илмии 3-нафар аз унвонҷӯён аз муҳокимаҳои кафедраҳояшон гузашта, 10-нафари дигар корҳояшон тайёр ва барои пешниҳод омода ҳастанд. Ҳамзамон, ба унвонҷӯён, докторнатон ва роҳбарони илмӣ оид ба саривақт омода гардидани рисолаҳои илмӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

   Муовини ректори донишкада пас аз ҷамъбасти аттестатсия изҳори қатоатмандӣ карда, ҳамзамон, барои беҳбудии кор ба унвонҷӯён ва докторантон маслиҳатҳои муҳим дод.

Нодир Нуров

сармутаххасиси шуъбаи омодакунии

кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ