Чун анъана бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки васеи аҳли маориф, фарҳанг, кормандону зиёиёни мамлакат, омузгорон ва донишҷӯёну магистрантон сурат гирифт, дар баромадашон Пешвои миллат қайд намуданд, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъю кӯшиш, касбу дониш ва нашъунамои мамлакати азизамон мебошад. Ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама, гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад, ки дар ин маврид қайд менамоянд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва гамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Инчунин қайд намуданд, ки “Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технология ва бахусус зеҳни сунъӣ, хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст”.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти кишвар ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми мо аз ҷумла омӯзгорону устодони кишварамон, ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаьдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бо дарназардошти ин омилҳо метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таьмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, рушди бесобиқаи иҷтимоиву иктисодӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаьрифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Маориф (таҳсилот) чун ниҳоди иҷтимоӣ таърихи бисёр қадима дорад ва дар ҳоли ҳозир муштамили миқдори бузурги муассисот (аз кӯдакистон, мактаб сар карда, то аспирантура ва докторантура) мебошад, ки дар онҳо неруи бузурги кормандони касбӣ машғули заҳматанд. Ҳадафи таҳсилот сегона аст. Ин интиқоли дониш, баъдан таҷрибаи иҷтимоӣ ва охиран, маҳорати истифодабарии донишу таҷрибаи андӯхта ба шогирдон аст. Ба ибороти дигар, сухан роҷеъ ба таҳсилот меравад, ки дар маънии фишурдатар тарбия ва таълим малакаю маҳоратҳои толибилм аст. Дар раванди таҳсилот масоили зиёду мухталиф ҳалу фасл мешаванд, аммо дар қисмати умдатарин он ба интиқоли маҳсулоти маънавӣ аз онҳое пайвандӣ дорад, ки он ба онҳое, ки шартан онҳоро истеъмолгарон гуфтан мумкин аст, истеҳсол менамоянд. Барои ҷомеа донишомӯзии шогирдон дар рафти таҳсилот ба ҷомеа истеҳсолот хеле арзишманд аст.
Дар аснои мулоқот бо аҳли маорифи кишвар Пешвои милат қайд намуданд, ки дар соҳаи маориф имсол аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, дар маҷмуъ 73,6 миллиард сомонӣ, маблағгузорӣ гардидааст, ки 50 такя ба ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат мо омӯзгорон назди худ мақсад гузоштем, ки дар ташаккули тафаккури насли оянда, тарбия ва донишазхудкунии шогирдон ҳавасманд намудани онҳо таъсиргузор бошем. Зеро омӯзгори аслӣ меъмори ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки таъсири омӯзгор аз доираи мактабу донишгоҳ фаротар аст. Вай тарбиятгар, намунаи ибрат ва муҳаррики ҷомеа буда, тавассути роҳнамоии худ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки онҳо аз нуктаи назари илмӣ андешаронӣ намуда, иштирокчиёни фаъоли рушди ҷомеаи имрӯзаи мо гарданд.
Бо эътирофи саҳми бебаҳои омӯзгорон, Ҳукумати мамлакат барои дастгирӣ ва баланд бардоштани ҷойгоҳу мақоми омӯзгор пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Аз он ҷумла, ба такмили барномаҳои таълимии омӯзгорон афзалият дода, ба онҳо усулҳои навтарин ва захираҳои таълимиро дастрас мегардонад.
Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас вазифаҳои бисёр муҳим меистад, ки иҷрои он, аз як ҷониб бисёр пурзаҳмат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Ин рисолати бузург аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд.
Ин суханони пурҳикмат ва даъвати маорифпарваронаи Президенти Ҷумхурии Тоникистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кору фаъолияти пурсамари кулли кормандони соҳаи илму маориф бояд бошад.
Барои расидан ба ин ҳадаф низоми маориф дар ҷумҳурӣ такмилу тақвият ёфта, барои мутобиқ сохтани он ба сатҳи байналмилалӣ ва мукаммал намудани мазмуну мундариҷаи он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди истифода қаpop гирифтанд.
Барои ба талаботи рушди ҷомеа наздик сохтани истеҳсолоти маънавӣ дар шароити муосир ба зарурияти сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи бештар равона карда мешавад. Пас, Сармояи инсонӣ – маҷмуи дониш, малака ва маҳорате, ки барои қонеъ гардонидани талаботи инсон ва ҷомеа истифода мешавад. Сармояи инсонӣ дар ташаккули шахсият нақши муҳим дорад
Тарбияи шахсият бо ташаккули дидгоҳи худӣ дар ӯ, мавқеи мустақил нисбат ба мавҷудияти шахсии худ, муҳиммияти он донишҳое иртибот дорад, ки ӯ дар раванди таҳсилот ба даст меорад. Маънои таҳсил кардан омӯзиши фардӣ ва шахсият шудан аст, ки қодир аст ҳадаф ва вазифаҳои ҷомеаеро шиносад, ки дар он зиндагӣ мекунад. Ҳамзамон ӯ қодир аст дар ин зиндагонӣ мақоми хештанро дарёфта, роҳҳо ва имконоти ширкати бошууронаашро дар ҳаёти кишвари худ ҷустуҷӯ кунад.
Тарбияи шахсият ин, пеш аз ҳама, бедор кардани рағбат, аҳдоф ва маъниҳои мавҷудияти худӣ, ба ҳастии дигар одамон ва ба ҷомеаи инсонист. Ташаккули мавқеи мустақили маънавӣ – арзишӣ, яъне ташаккули тасаввуроти возеҳ нисбати арзишҳои олӣ «мутлақ» раванди тулониест, ки муколамаи доимии омӯзгорро бо шогирд тақозо дорад. Омӯзгор ба шогирд фақат маводи таълимӣ намеомӯзад, балки зиндагиро тавассути муносибатҳои ҳасана ба ҳаёт ва рафтору ақоиди шахсӣ меомӯзонад. Омӯзиши дониш бе маънӣ ва маънӣ бе дониш яксон кам ба кор меояд ва ҳатто хатарзост. Ба иборати дигар, мутахассис бе эътиқодоти устувори ахлоқию бе мавқеи иҷтимоӣ ғояи олӣ бошад, аммо бе дониш — бе донишҳои мушаххас ва фалсафӣ — ахлоқӣ кам короям ва ҳатто хатарнок аст.
Ба андозаи ташаккули шахсият ба раванди тарбия боз равандҳои худтарбиякунӣ, худомӯзӣ низ зам мегарданд. Кори мустақилу амиқ аз болои ақидаҳои хеш, кор аз болои дараҷаи дониши худ барои шахсият офаридаҳои мураккабтарини рӯҳи инсониро дастрас мегардонанд, пешорӯи ӯ роҳи рӯшани эҷодро дар соҳаи фаъолияти баргузидаи ӯ – фаъолияти илмӣ, амалӣ, ташкилӣ ифтитоҳ мебахшад ва ин фаъолият барои камолот ҳад надорад.
Хулоса, мо омӯзгорон, дар навбати худ, вазифадорем, ки шогирдонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи саросарӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқи шарафманди тоҷик тарбия намоем. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, зарур аст, ки дар ҳамкори бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки онҳо пеш аз ҳама дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбинии фарох, мусалаҳ бо донишҳои муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватандуст гардида, барои рушду ободии ояндаи кишвари соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро ба таври сазовор муаррифию пуштибони карда тавонанд. Мо омӯзгоронро зарур аст, ки аз истиқлолу озодӣ, ки аз ҷумлаи муққадасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем ва пойдевори азими давлати миллиамонро зина ба зина устувору қавӣ гардонем. Мо танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати саросарӣ метавонем дар таъмини минбаъдаи рушди соҳаҳои фарҳангу санъати ватани маҳбубамон саҳм гирем ва раванди таҳсили баландмазмуни тахассусиро, ки дар наздамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд, татбиқ намоем.
Зокирзода Суҳроб Ибод
номзади илмҳои фалсафа, дотсенти
кафедараи фанҳои ҷомеашиносии
МДТ « ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»