Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди кишвар дар ҳар давру замон барои ҳар як давлати соҳибистиқлол пояи боэътимод, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ дошта, дастпарварони он меҳру муҳаббати фарзандиро нисбат ба падару модар боз ҳам дар худ бештар афзун менамоянд ва дар ин мактаби мардонагӣ дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзанд. Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза тамрини шуҷоату низомӣ мегузаронанд ва посбониву ҳушёрӣ, инчунин зиракии ҳифзу нигоҳубини марзу буми кишвари азизамонро омӯхта, осоиштагии шаҳрвандонро таъмин менамоянд.
Ҳамасола 23 — феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун –“Рӯзи Артиши миллӣ” бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузории хизматҳои аскарон ва хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки барои ҳифзи ватани аҷдодии худ ва амнияти миллат мубориза мебаранд. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин доштани артиши миллӣ ва тавассути он таъмини эътимоди шаҳрвандон ба ҳаёти осоишта мебошад. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар хеле кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи низоъҳои сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Ҳамин тавр, бо кушишҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуда, имрӯзҳо то сатҳи лозима омада расидааст, ки дар таъсиси он саҳми Пешвои миллат беназир аст.
Таъсиси Артиши Миллӣ на танҳо мӯҳтавои сохтори низомӣ, балки барои тарбияи насли ҷавон, тақвияти ҳисси ватандориву ифтихор аз миллати тоҷик низ сурат гирифт. Имрӯз, бо гузашти вақт, Артиши Миллӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла кӯмак ба ҷомеа дар ҳолатҳои фавқулодда, иштирок дар миссияҳои байналмилалии сулҳ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар фаъолият мекунад. Бояд дарёфт, ки ҳар як ҷавон бо шукргузорӣ ва қадрдонӣ дар роҳи ҳифзи амнияти ватан саҳм гузошта, бо нияти нек ва фарзандии ҳақиқӣ дар артиш ҷиҳати таҳкими волоияти миллат ва давлатсозӣ саҳм бигирад.
Бояд як нуктаро дарк намуд, ки хизмат ба Ватан — Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, артиши миллӣ — мактаби бузурги тарбияи ватандустӣ, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ифтихори миллӣ ба зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ алоқаи зич дошта, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон — Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем. Тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Имрӯзҳо, Артиши миллии Тоҷикистон дар таъмини амният ва суботи кишвар нақши калидӣ мебозад. Он дар мубориза бо терроризм, муҳофизати сарҳадот ва таъмини оромии мардум саҳми арзанда дорад. Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати давлатдории Президенти кишвар дар замони муосир бо техникаи ҳозиразамони ҷангӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ба таври фаъолона идома дорад. Ҳамасола машқҳои ҳарбӣ, омӯзишҳои махсус ва таҷрибаомӯзии низомиён дар кишварҳои гуногун баргузор мегардад, ки ҳадафи асосии он ташаккули маҳорату малакаи касбии низомиён ҷиҳати омӯзишу таъмини роҳҳои мухталифи осоиштагии кишвар мебошад.
Рӯзи Артиши Миллӣ ин фурсатест, ки мо на танҳо хидматҳои фарзандони аҷдодӣ, балки рушди давлатӣ ва пешравии миллатро самимона қадр намоем. Ин рӯз бароямон хотиррасон мекунанд, ки амният ва оромии кишвар дар дасти аскарони мо мебошад, ки бо хидмати содиқона ва дониши баланд баҳри наслҳои ояндаи Тоҷикистон кор мекунанд. Дар ин рӯз, мо бояд эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда, аз заҳматҳояшон шукрона кунем ва дарк намоем, ки онҳо на фақат ба ҳифзи марзҳои кишвар, балки ҳамчунин ба нигоҳдории фарҳангу арзишҳои миллии мо низ бевосита кӯмак мерасонанд.
Дар охир, Рӯзи Артиши Миллиро барои тамоми афсарону сарбозони Тоҷикистони азиз муборакбод гуфта, некуаҳволии доимии ватану миллат орзуи ҳамешагии мост.
Бори дигар Рӯзи артиши миллӣ муборак – ҳомиёни Ватан!
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М. Турсунзода
Меҳриддин Холов