Сафари кории ҳайати устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба шаҳри Бишкек, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишкадаи давлатии санъати театрии Русия (ГИТИС) ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати Қирғизистон баргузор гардид, бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом расид.
Дар ҷараёни ин сафар донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада дар мастер-классҳо (дарсҳои маҳорати актёрӣ), машғулиятҳои эҷодӣ ва таҳияи спектакли муштарак аз рӯйи асари нависандаи барҷастаи қирғиз Чингиз Айтматов «Киштии сафед» фаъолона иштирок намуда, маҳорат ва истеъдоди баланди эҷодии худро нишон доданд.
Дар маросими ҷамъбастии чорабинӣ ба ректори Донишкадаи давлатии санъати театрии Русия (ГИТИС) Григорий Анатольевич Заславский ба нишони эҳтиром, дӯстӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмию эҷодӣ аз номи ҳайати донишкада туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот баён доштанд, ки барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию эҷодӣ, баргузории мастер-классҳо, таҳияи спектаклҳои муштарак ва рушди робитаҳои академӣ омодагии комил доранд.
Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик чунин чорабинии муштараки байналмилалӣ дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе баргузор карда шавад, ки он барои таҳкими бештари ҳамкориҳои илмию эҷодӣ ва табодули таҷрибаи касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки чунин ҳамкориҳо барои баланд бардоштани сатҳи омоданамоии касбии донишҷӯён, рушди санъати театрӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» аҳаммияти муҳим доранд.