Саймумин ЯТИМОВ

 

ҚИССАИ ПАҲЛАВОН

ДЕВЛОХ ВА САФАРИ «КАҶАЛА»

 

Муваффақияти фаъолияти корманди сохтори амният дар дараҷаи амалӣ кардани мантиқи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» таъмин мешавад.

Шинохтанҳо ва донистанҳо ҷавҳари фаъолияти касбиро ташкил мекунад.

Яке аз шартҳои асосии расидан ба моҳияти масъала дарки табиати инсонҳост. Он имкон медиҳад, фаҳмид ва пешгӯӣ намуд – кӣ ба чӣ қодир аст. Раванди кор ва ҷараёни фаъолият аксар вақт чунин шакли корро ногузир мегардонад. Ва зарурат пайдо мешавад, ки аз амалияи суханҳои ҳакимонаи «Шунидан кай бувад монанди дидан» ё ин ки «Беҳтар аст, як бор бубинӣ, аз он ки сад бор бишнавӣ» ё зарбулмасали англисии «Bеtter the devil you know than the devil you don’t»Беҳтар аст, ту рақибро донӣ, аз он ки рақиб туро медонад») истифода кард.

Дар қитъаи масъулияти оперативии ман аз деҳаи Вамд маълумоти гуногун дар бораи гардиши маводи мухаддир тавассути марзи давлатӣ ворид мешуд. Тасдиқи маълумот ниҳоят мушкил буд. Гарчанде шубҳаҳо дар бораи ашхоси гуногун зиёд  буданд.

Лозим меомад, ки худам шахсан одамонро шиносам, донам. Аз табиати онон дарк намоям, ки ин тоифа мардум ба содир кардани ҷиноят қодир ҳастанд ё не. Дар ҳолати дигар, ба онҳо таъкид ва таъсири рӯирост мебояд расонд.

Яке аз чунин нафарон Девлохпаҳлавон ном шахс буд.

Чун дар бораи ӯ дар байни мардум ҳар гуна овозаҳо доман мезад, ман қарор қабул кардам, ки бо Девлох шинос шавам.

Хонаи паҳлавон дар сари роҳи калон, дар қисмати ҷанубу ғарбии деҳаи Вамд ҷойгир буд. Кулбаи бедарвозаи хоксорона.

Ман чандин бор, ҳангоме ки аз деҳаи Шидз ба самти ноҳия ва ё баръакс мегузаштам, ба ин манзил бодиққат назар мекардам. Аммо гӯё дар он касе зиндагӣ намекарда бошад,  ҷонзодеро намедидам.

Медонистам, ки Девлох на зан дораду на фарзанд. Бо модари танҳояш дар ин манзили камбағалона гӯшанишинӣ мекунад.

Ин дафъа мақсаднок роҳ сӯйи хонаи Девлох гирифтам.

Мардуми Бадахшон ҳамагӣ одӣ ва меҳмоннавозанд. Агар дар хона набошанд ҳам, дарро қулф намекунанд.

Дари даромадро тақ — тақ задан ва баъд вориди хона шудан ҳам барои ин одамон чандон маъмул нест. Шахсони дилкушод ва беғаманд. Ягон касро дар бадиву бадкирдорӣ гумон намебаранд. Ҳамаро мисли худашон қабул мекунанд. Агар гоҳо меҳмон дарояд, шояд аз ҷояшон ҳам нахезанд. Аммо қимати меҳмонро кам наменигаранд. Агар аз назди хонаҳояшон гузар кунӣ ва бинанд:

– Ҳо мардак, биё, терчой мехӯрӣ ё ширчой?  – гуфта, ба назди дастурхон даъват мекунанд.

Ин замон ҳатман ширчой гуфтан даркор. Чунки терчой, маънои чойи сиёҳро дорад.

Ширчойи бадахшонӣ болаззаттарин ғизои диёр аст. Агар нон, нони ҷойдорӣ аз гандуми маҳаллӣ пухта шуда бошад, маззаи он ҳаргиз аз даҳон намеравад.

Аз ҳама хубаш он аст, ки дар таклифи мардуми Бадахшон ҷойи тамаллуқу тамаъ нест. Он таоруфотест, ки бо самимият, аз рӯйи сидқу сафову одаму одамгарӣ сурат мегирад. Барои ҳамин ширчойи бадахшонӣ аз баррабирёни чӯпонӣ ҳам лазизтар аст.

Ман дар ҳавлии Девлох касеро мушоҳида накардам.

Ҷойи оташхонаро хабар гирифтам.

Гӯё дар оташдон сад сол касе оташ нагиронда бошад. Аммо чун сарпӯши чакдонро бардоштам, ширгарм менамуд. Яъне ҳамин рӯз дар он нон пухтаанд.

Худи ошпазхона як чорпояи бо хаси аз дуд сиёҳ ва шахшӯл пӯшонидашударо мемонд. Оташкадаҳои он аз сангу гилу рег буданд, ки аҷдодони мо муддати чанд ҳазор сол боз аз онҳо истифода мекунанд. Ин ҷо муъҷизаи дигар вуҷуд надошт.

Ба ҳар ҳол дари хонаро кӯфтам:

– Ту чаят? (Ту кистӣ?) – як овози балое, ки гӯё аз даруни ғори хавфнок мебаромад, садо дод.

Хулоса кардам, одам ҳаст.

Дарро кушода, даромадам.

Дидам, ки дар қисмати болои хона як марди тахминан сиву панҷ — чилсола чорзону нишаста, чизе тановул мекунад.

Намуди зоҳирии ӯ қаҳрамони афсонавиеро мемонд, ки баъд аз шикори шер пӯсти онро зинда ба зинда канда, гӯшташро хомохом мехӯрад ва ҳатто аз устухонҳои он ҳам асар намегузорад.

Он замон дар ноҳияи Рӯшон ва умуман, қариб дар тамоми Бадахшон, ҳама дар хонаҳои барҳавои маҳаллӣ, ки аз даромадгоҳ ва се сурфаи ба ҳарфи «П» монанд сохташуда иборат буданд, зиндагӣ мекарданд. Он ба шароити кӯҳистон ва тарзи зисти мардум мувофиқ буд ва ростӣ ба ман ҳам хуш меомад.

Ман ба худ аниқ кардам – Девлох ҳамин аст.

Соҳибхона сар аз дастурхон, ки ҷойи онро як рӯзномаи зарди куҳна гирифта буд, баланд кард ва рост ба афту андоми ман нигарист.

Ман дар умри худ ин гуна одами девсуратро надида будам: каллаи пок тарошидаи ӯ кадуи калони сурхи дарозрӯяи барои намоишгоҳи кишоварзӣ парваридашударо мемонд. Чашмони суп — сурхаш ба андозаи ду пиёлаи хурд, абрувонаш ду дастаи мӯйи монанди банди абрешимӣ тобдода буданд, ки гӯё дар ин каду бо ширеши махсус часпонида шуда бошанд. Бурутҳои ғафси чандин моҳ қайчинашудааш дар ду тарафи манаҳ овезон. Аз таги манаҳи ӯ дастаи пашми аз қафаси синааш ба берун ҷаста менамуд. Раги бари гарданаш ба найчаи ғафси резиние шабоҳат дошт, ки гӯё онро пуф карда, дар бадани ин ғӯл часпонида бошанд. Панҷаҳои дастонаш шохинеро ба ёд меовард, ки гӯё барои канда ва ҳамвор кардани замини санглох тайёр карда бошанд. Зонуҳои ин одами фавқулода аз бадани азимҷуссааш дар масофаи тақрибан якуним метрӣ фосила гирифта, ду сутуни дуқадро ба хотир меовард.

Девлох сарашро аз болои «дастурхон» бардошт. Аввал ҳамин тавр, одӣ, баъди каме таваҷҷуҳ кардан, каллаи кадушакли мисли бодиринги зард дарозашро сӯйи ман ёзонд. Ман:

– Салом, Девлох! – гуфтам қотеона, бурро ва бо овози баланд.

Ман ба назар гирифтам, ки дар Бадахшон дар муроҷиат фарқияти синну солии на чандон калон қариб ба назар гирифта намешавад.

Лекин бо ин ғӯл ман ҳам хостам, ҳадди ақал, бо ҳамин муносибат худро шиносонам. «Ако» гуфта муроҷиат кардан, манзалати маро боз ҳам камтар нишон медод.

Девлох ба ҷойи он ки ба саломи ман «алейк» диҳад:

– А-ла-ле! Магар аз Ленинобод ҳастӣ?

– Не! – гуфтам ман, ба ҳамон оҳанги салобати ғӯл.

– Набошад аз куҷоӣ? – пурсид паҳлавон бо қаҳр.

– Аз ҷигари Кӯлоб! – гуфтам ман, гӯиё ғӯлро ба ситеза даъват мекарда бошам. Чун медонистам, ки Девлох дар Душанбе яке аз «разборщик»-ҳои асосии муноқишаҳо байни «олуфтаҳо»-и Бадахшону Кӯлоб буд.

Ӯ боз чуқуртар ба авзои ман нигаристу як каме баъд табассум кард.

Ману ғӯл дар ин хонаи нимсарой танҳо будем.

Чун ин сӯву он сӯ нигоҳ кардам, каси дигарро надидам.

Сари «кастрюл»-и нимпачақи аз шиддати дуд сиёҳшудаи болои бухории оҳанӣ рафтам. Он зарф сарпӯша надошт. Дидам, ки дар «кастрюл» тақрибан ним чинии дигар ширчой монда аст. Онсӯтар як косаи «алюмини»-и гӯё нимашро чархи «КАМАЗ» зер карда бошад, ба чашм афтод. Ба он нигаристам. Тоза буд. Бо оби ҷӯш онро чайқа ва боқимондаи «кастрюл»-ро дар он чаппа кардам.

Хӯрокро оварда, дар болои дастурхони девлохӣ мондам.

Дар рӯ ба рӯйи соҳибхона нишастам.

Ними нонро аз пеши ғӯл бо шаст гирифтам.

Воқеан, дар ин соати сеи рӯз ман аз Девлох, ки номаш ба худаш мувофиқ буд, гуруснатар будам. Нонро дар коса реза кардам. Дар як дам мулоим шуд. Ба соҳибхона нигоҳ накарда, кори табақро анҷом додам. Онро об гардонда, дар ҷояш мондам. Омада, дар рӯ ба рӯяш нишастам.

Ин замон Девлох ҳам тановул карда, дар баробари ман мисли пешина ду даст болои зону нишаста буд. Ҳис кардам, ки Девлох ба ҳар як ҳаракати ман бодиққат нигоҳ мекунад.

Баъди андаке таҳаммул:

– Аз ҷигари Кӯлоб гуфтӣ, куҷо аст ҷигараш? – пурсид Девлох.

– Аз Фархор, – гуфтам ман.

– Э, яке боз аз ҳамон қишлоқи Иттифоқ набошӣ? – пурсид Девлох.

– Не, аз Ориён ҳастам, Иттифоқ ҳамсояқишлоқи мост, – гуфтам.

– Набошад, ҳамон падарлаънати ҷӯраи мо – Сафарро мешиносӣ?

– Сафари «Каҷала»-ро? Ҳо, ана ҳамон Сафаре, ки туро зада буд, ҳамонро? – пурсидам ман.

Овозаи аз тарафи Сафари «Каҷала» задани Девлохи бадахшонии дар паҳлавонӣ, воқеан, номдор дар байни «олуфта»-ҳои Кӯлоб овоза шуда буд.

– Э, ошно! «астағфуриллоҳ» гӯй! Имрӯзу пагоҳ ман ба чил қадам мезанам. То имрӯз пушти Девлох заминро надидааст! – гуфт бо овози ғулдурросӣ паҳлавони эътирофшуда.

– Ман нагуфтам, ки Сафари «Каҷала» туро ба пушт задааст. Лекин туро задани ӯ яқин аст. Ҳамроҳони ӯ ҳам инро тасдиқ кардаанд.

Девлох аз ин сухани ман малол нашуд. Баръакс, дандонҳои калон – калони зарди худро намоиш дода, баланд хандид. Ва пурсид:

– Канӣ, ошно, нақл кун, ки ин кайк Девлохпаҳлавонро чӣ гуна задааст. Барои ман муҳим аст, ки ин «яқин»-и гуфтагии ту чӣ қадар ба яқини мо рост меояд.

Чун дидам, ки ҳамсуҳбати ман аз чӣ сабаб бошад, ки бе нӯшидани арақ ҳам хеле сархуш аст ва майли чақ-чақ кардан дорад, мехостам фаҳмам, ки афсонаи задани ин одами девсор аз ҷониби як ҷавони сиёҳчурдаи қаддарози нимҷон, аласмонанди рӯйчутури назарногир чӣ қадар ҳақиқат дорад.

Ман нақли қисса сар кардам:

– Девлох, ту нағз медонӣ, ки солҳои ҳафтодум дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои гӯштигирӣ дар авҷ буд. Дар он, асосан, бачаҳои кӯҳистон, бештар бадахшониҳову кӯлобиҳо, ки воқеан, ба ин навъи варзиш сахт завқ доранд, машғул буданд. Агар ягон тарафе бой медод, тарафи дигар бачагӣ карда, гурӯҳ ташкил мекард. Қасд гирифтанӣ мешуд. Ҳамин тариқ, ҷо — ҷо байни бачаҳои кӯлобиву бадахшонӣ нофаҳмиҳои ҷавонӣ рух медод. Баъдан, бачаҳо боз бо ҳам вохӯрда, ошно ҳам мешуданд.

Ҳамин тариқ, ту бародар, аз пушти як ҳамшаҳрии миёнсустат шуда, чанд бачаи кӯлобиро гӯшмол кардаӣ.

Охирон бор, бо як шаппотӣ пардаи гӯши як сағираи бечораро аз ноҳияи Восеъ даррондаӣ. Ин гап дар байни бачаҳои Кӯлоб овоза шудааст. Чанд кас ҷамъ шуда, қасди ҷонатро кардаанд. Ҷову макони ҷазодиҳии туро ҳам аз рӯйи он ки бо кӣ? Кай? Куҷо меравӣ? Чӣ қадар қувва даркор аст, ки туро ғалтонанд? Муайян кардаанд.

Ин хабар ба гӯши Сафари «Каҷала», ки он замон бо ҷангарагӣ, пуштигирӣ, тарзи либоспӯшӣ, бурутмонӣ, афту андоми худ аз «олуфта»-ҳои Кӯлоб ба ҳисоб мерафтааст, мерасад.

Сафар он вақт дар курси охирони шуъбаи роҳсозии омӯзишгоҳи техникӣ мехондааст.

Сардори дастае, ки туро бояд ҷазо медодаанд, амакзодаи Ҷобири «Буққа», Маҷид «Мускул» будааст.

Чун Сафар фаҳмидааст, ки аз ин «мускул»-ҳо яку якбора панҷ нафар ба ту ҳуҷум карданианд, аз ин беадолатӣ номусаш омада, гуфтааст:

– Э, номардҳо! Наход ба як нафар панҷ кас ҳуҷум кунад. Пагоҳ мо бо ҳамон бачаҳои бадахшонӣ, мисли ҳамешагӣ боз дӯст мешавем, баъд онҳо ба ҳоли мо механданд. Айб мешавад. Номардӣ накунед. Зӯр бошед, Девлохро як ба як даъват кунед.

– Сафар, тез аз пешам гум шав, ки ягон шатта мехӯрӣ! – гуфтааст Маҷид «Мускул», – охир одам бо дев ҷанг карда метавонад? Ту ҳадди ақал як бор ҳам Девлохро дидаӣ ё не, ки «як ба як» мегӯӣ?

– Не, ман Девлохро надидаам. Лекин шунидам, ки паҳлавон аст. Ҳалол гӯштин мегирад. Боз касеро, ки ғалтонад, сари хез ӯро аз замин мебардорад ва ба оғӯш мекашад. Мисли баъзеҳо ҳаёҳую рақсу бозӣ намекунад. Боз шумо ӯро ҳамакаса заданӣ ҳастед. Акаи Абдумаҷид, ҳаргиз ин корро накунед, ки номардӣ мешавад. Ӯро ба ман супоред. Ман ҷазояшро медиҳам, – мегӯяд Сафар.

Маҷид «Мускул» қоҳ-қоҳ механдад ва мегӯяд:

– Сафар, номат ба худат. Ҳамон «каҷала»-гиатро мекунӣ-да! Гапро намефаҳмӣ! Рав, кадом вақте ҳушёр шудӣ, биё, баъд гап мезанем, – гуфта, Сафарро аз хонааш гусел мекунад.

Ҳамагӣ се рӯз мегузарад. Ҳеҷ не, ки овозаи задани Девлох аз ҷониби Маҷид «Мускул» шунида шавад.

Рӯзи чорум, бегоҳӣ Сафари «Каҷала» бо се рафиқи ҳамшаҳриаш ба ошхонаи шаҳрчаи «Ҷавонӣ» барои хӯроки шом медароянд.

Он ошхона, асосан, барои донишҷӯён таъйин шуда буд. Ғизоҳои хуб ва арзон дошт. Дукончаи машруботфурӯшӣ ҳам дар бараш.

Пеш аз даромадан, яке аз ҳамқишлоқиҳои Сафар мегӯяд:

– Ака! Биё ҳамин ошхона надароем. Бегоҳӣ ин ҷо на донишҷӯ, балки арақхӯрҳо ҷамъ мешаванд. Вақтҳои охир бачаҳои помирӣ ҳамин ҷо гирд омада, дам мегиранд. Дароем, ҳама Шуморо мешиносанд, Худо накарда боз ягон гап нашавад.

– Э, натарс! Ман худам ҳамин ҷо бошам, ҳеҷ гап намешавад! Рафтем! Аз қафои ман! – гуфта, ба овози баланд фармон медиҳад Сафари «Каҷала».

Ошхонаи арзон ниҳоят серодам ва серғалоғула будааст.

Сафар фармон медиҳад:

– Ҳо ана, дар он ҷо мешинем. Одамҳо барои мо ҷо холӣ карда истодаанд, – гуфта, як чашмакӣ зада, ба одамони хестаистода ишора мекунад.

Бачаҳо бо роҳбарии Сафар ҳамон ҷо мешинанд. Як кас рафта, барои ҳар се шашлик супориш медиҳад. То он вақт нону шакароб оварда, оҳиста — оҳиста тановул мекунанд.

Ин вақт ногоҳ яке аз рафиқон:

– Акаи Сафар, ман нагуфтам, ин ҷо надароем. Бубин, дар паси, ҳо ана он миз, Девлох бо рафиқонаш нишастааст, – гуфта, ба тарафи мизи кунҷакии аз ҳама боло ишора мекунад.

Сафар қомати худро ёзонда, рост мекунад. Тарафи чап мегардад. Манаҳашро ба қафаси синааш часпонида, пешонии борик ва бинии дарозашро поин фароварда, чашмони гирд — гирдашро ба таги абрувони ғафсаш бурда, пешониашро ҷинҷ карда, аз паси панҷараи мӯйи сари сих — сихаш ба Девлох нигоҳ мекунад.

Девлох, тарзе нақл мекунанд, айнан мисли ҳозира, сараш навъе, ки навакак бо теғ тарошида бошад, дар рӯшании лампаи электрикӣ ялт-ялт карда, бо ҳамин афту башара, бурутҳои ҳарфи «П», бо «футболка»-и сафеди остинкӯтоҳи танг, шими ҷинси озодаи он вақт камёб нишаста буд.

Симои паҳлавонона, гунаҳои барҷаста, бинии теғадори аз дур намудор, пешонии пурчин, чашмони ҳамеша хунбори боғурур ва ин сӯю он сӯ ғолибона нигоҳ мекардагӣ, бо зонуҳое, ки зери тамоми мизи нишастро банд карда буд, тез — тез ба мускулҳои воқеан, ғайриодии мисли ду мушт барҷаста, гоҳ-гоҳе бо виқор нигоҳ карда меистод.

Дар атрофаш панҷ-шаш нафар ҳамшаҳриҳояш, ки ба қадду басти Сафар баробар ва мисли ӯ авбошбашара буданд, нишаста, ҳар кадом аз таги фуки Девлох мисли чӯҷаҳои имдодталаб, ки аз очаашон чизе тамаъ дошта бошанд, дар атрофи кадом мавзуе суҳбати гарм доштанд. Дам ба дам бо ифтихор ба атроф нигоҳ афканда, мисле ки гуфтанӣ буданд:

– Бинед, мо бо паҳлавони нотакрор, мири ҷангандаҳои ину он диёр нишастаем.

Девлох худаш гап намезад. Дам ба дам шашликҳои овардашударо аз нуқтаи охирон дар даҳон мемонд. Аз сими дастаи он якбора мекашид. Дар як сония муҳтавои онро, ки гӯшти пухта ё нопухта буданашон маълум набуд, фурӯ мебурд. Аз болояш ҳар замон дуқултӣ «бокал»-и пивои хафзада менӯшид. Ва ин амалро давом медод. Чун лунҷҳояш пур мешуданд, бо виқори махсус каллаашро ҳар тараф тоб дода, ба шогирдонаш ишоракунон суханҳои онҳоро тасдиқ мекард ва луқмаҳои калонашро фурӯ мебурд.

Сафар ба ин манзара нигариста, ба ҳамроҳонаш:

– Аз шумо кӣ шахсан Девлохро мешиносад ва гуфта метавонад, ки ин ҳамон аст? – мепурсад.

Табаралӣ, яке аз шогирдони Сафар мегӯяд:

– Ака, ин Девлох аст. Ман ӯро нағз мешиносам. Чанд бор дидаам.

– Ин бачаҳалок дар ҷояш намешинад? – мепурсад Сафар.

– Ака, дар ҷояш шиштагист. Қадду қоматаш ҳамин хел. Бубин, дар ҳолати шишт ҳам мисли дев аст. Гӯё рост истода бошад. Номаш ҳам ба худаш мувофиқ – Девлох! – мегӯяд яке аз шогирдони «Каҷала».

Ин тавр муаррифӣ кардани Девлох ба Сафар намефорад. Вай мегӯяд:

– Табар! Дониста бош! Ин дар ҳақиқат дев, лекин «лох» аст («Лох» – русӣ, яъне суст, заиф).

Сафар як қабза пулро аз кисааш бароварда, ҳисоб накарда, ба Тавар медиҳад ва бо ғазаб мегӯяд:

– Мана! Рафта як шиша арақи «Экстра» ва шаш «бокал» пиво биёр!

Тавар дар даҳ дақиқа ин корро анҷом медиҳад. Аммо шашлик дерӣ мекунад. То ин хӯроки болаззатро овардан, Сафар бо рафиқонаш як пиёлагии пур аз ҳамон «шаробе, ки мардафкан бувад зӯраш», дар шиками холӣ бо шакароб менӯшанд.

Ин замон шашликро ҳам меоранд. Сафар, ки акнун худро боз ҳам «бардамтар» эҳсос мекард, таклиф менамояд, ки пеш аз кабоб як пиёлагии пури дигар аз шароби пок бигиранд.

Ин пешниҳод аз ҷониби ҳамнишинони сархуш бо хушнудӣ қабул мегардад. Ҳамчунон мекунанд. Сипас, шашликро паёпай бо пиво мехӯранд. Ҳолашон хеле ва хеле ҳам «хуб» мешавад.

Дар тамоми давраи нишаст Сафар чашмашро аз Девлох дур намекунад.

Чашмонашро тангу кушод карда, ба ӯ менигарад. Хушомадгӯиву хушгӯиҳои атрофиёни Девлох ва бовиқор нишастани паҳлавон, бори худро ба пушти курсӣ партофтан ва дастони мисли хартуми экскаватор калонашро ба ду тараф ёзонидан, тез — тез ба мускулҳои худ нигоҳ кардан ва кӯшиши таваҷҷуҳи дигаронро ба ҷуссаву қудрати фавқулодаи худ ҷалб кардани Девлох, дақиқа ба дақиқа Сафарро ба ғазаби беш аз пеш меорад. Чанд маротиб Сафар аз ҷояш ҷунбида, ба шогирдонаш мегӯяд:

– Ман бояд Девлохро ҷазо диҳам!

Як — ду бори аввал шогирдони Сафар:

– Э, ака, Шумо зӯред, лекин ҳозир вақташ не. Рӯзаш мерасад, – мегӯянд.

Сафар дод зада, мегӯяд:

– Рӯзаш кай мерасад? Ин корро набояд ман ба таъхир гузорам!

Шогирдони Сафар:

– Акаҷон, кадом вақте бошад, майлаш! Фақат имрӯз не. Қувваҳо нобаробаранд, – мегӯянд бо зорӣ.

Сафар бо қаҳру ғазаби бештар:

– Табар, ман ҳозир каллаи туро меканам. Чӣ хел қувваҳо нобаробар? Чӣ хел қувваҳо нобаробар?!!! Баръакс, танҳо як қувваи ман чандин маротиба аз мадори ин дев зиёд аст!!!

Вақте ду — се бор Сафар аз ҷояш хестанӣ мешавад, шогирдонаш ӯро бо як азоб ором мекунанд. Дар ҷояш мешинонанд.

Аз бисёрии мардум ва ғалоғула бо таъсири истифодаи зиёди шаробу кабоб, ягон миз ба мизи дигар диққат намедиҳад. Аз ҷумла одамони Девлох ҳам.

Нохост Сафар рафиқаш, чойхоначии ин ошхонаро бо овози баланд ба наздаш даъват мекунад:

– Тӯйчӣ! Як чойи 15-тина! Дар чойники худам! – гуфта, фармон медиҳад.

Тӯйчӣ аз фарғоначиҳои фархорӣ будааст, ки бо Сафар ҷӯрагии дерина доштааст. Чанд сол баъди чойхоначигӣ дар зодгоҳи Сафар, ба шаҳри Душанбе кӯч баста, дар ин ошхона касби падариашро давом медодааст. Баъд маълум мешавад, ки Тӯйчӣ чойники қадимаи бо акси хӯшаи ангур доштааст ва он аз шикастанҳои зиёд чандин маротиба бо лентаҳои тунукагӣ аз боло ва поён дарбеҳ ё баста шудааст. Ин бандҳо чойникро барои аз ҳам нарехтан нигоҳ медоштаанд. Кадом вақте Сафар меҳмони Тӯйчӣ мешудааст, дар ҳамин чойник чойи понздаҳтина супориш дода, бо дастмолчаи калон дам андохта, баъди хӯрдани оши серравған ва ё шашлик то охир дам гирифта, дам гирифта менӯшидааст. Аммо усули аслӣ, ҳатман пардохт кардани понздаҳ тин, новобаста аз ҳамшаҳригӣ бо исрори Сафар риоя мешудааст. Ин феъли ӯро шогирдони Сафар хуб медонистаанд. Бо шунидани чунин супориш хотирҷамъ шудаанд, ки акнун «акаи Сафар» ба худ омадааст. Ором шудааст. Ва аз пиво ба чой гузаштааст.

То чойро дам кардан, Сафар боз як «бокал» пивои дигарро сари хез менӯшад.

Шогирдҳо хавотир мешаванд. Сафар инро ҳис мекунад.

– Ором! Чойи понздаҳтина ҳама корро ҳал мекунад! – бо овози баланди ҳамашунав мегӯяд Сафар.

Бачаҳо як хандаи базӯракӣ карда, хулосаи шефашонро хушомадгӯёна тасдиқ мекунанд.

Чун Сафар мебинад, ки Тӯйчӣ се маротиба чойникро бо оби гарм чайқа карда, дар он як мушт чойи хушк андохта, чойро дам карда омодагии овардани чойникро мебинад, мегӯяд:

– Шумо шинед! Ман бо ҷӯраам Тӯйчӣ гап дорам! – гуфта, ба зӯр аз ҷояш мехезад. Мекалавад. Қурбон ба ӯ ёрдам карданӣ мешавад, ки Сафар дағалона:

– Шин! Як кас аз ҷояш хезад, каллаашро мегирам! – гуфта, дод мезанад. Табару Қурбон дар ҷояшон хомӯш менишинанд.

Сафар рост пеши Тӯйчӣ меравад. Тӯйчӣ ӯро дида:

– Э, акаи Сафар, худам чойро пешатон мебурдам.

Сафар гӯё гапи чойхоначиро нашунида бошад, понздаҳ тинро тараққос болои мизи ӯ мезанад.

Ором чойники бандзадаро бо чойи нав ҷӯшомада мебардорад. Рост назди мизи Девлох меравад ва бо тамоми қувва дод мезанад:

– Девлох!!!

Ба ин садо диққати тамоми мизоҷони ошхона, ошпазҳо, чойхоначӣ, пешхизматҳо ба Сафар ҷалб мегардад. Дар ҷояшон шах мешаванд. Ҳатто касе радиои дохили ошхонаро, ки кадом мусиқии фароғатиро менавохт, ногаҳон хомӯш мекунад.

Ин замон Сафар чойники пур аз чойи ҷӯшони кабуди понздаҳтинаро башаст қафо бурда, ба андозаи имкони ниҳоии вусъати масофа суръати охирин гирифтани даст, баракӣ, бо тамоми қувва ба тарафи чапи сари харбузашакли кадунамои худи ҳамин саҳар топ — тоза тарошидаи паҳлавон Девлох чунон мезанад, ки чойник пора-пора гашта, дастааш дар дасти Сафар мемонад ва боқимондаи он дар гирду атрофи миз паҳну парешон мешавад.

Девлох аз шиддати зарбаи ногаҳонии комилан сахти чойники яклитраи акси ангурдори  порашуда дод зада:

– Ваҳ, ма, узм муд (воҳ, оча, ман мурдам) – гуфта, ошхонаи шаҳраки ҷавононро бо сараш бардошта, сар таги хун дароз кашида, ҳушаш меравад.

Муридон аввал надиданд, ки Сафар куҷо шуд. Як дам баъд ғалоғула, чунон шӯру ғиреви сахт бармехезад, ки гӯё бинои на он қадар калони ошхона ба маркази бетартибиҳои оммавӣ мубаддал гаштааст. Ин вақт аз хобгоҳи донишҷӯён бачаҳои Кӯлоб дод мезананд, ки:

– Шитобед, Сафарро мекушанд!!!

Чун «олуфта»-ҳои Кӯлоб давида меоянд, бачаҳои бадахшонӣ, аллакай, Девлохи бечораро, ки футболкаи сап-сафедаш аз хуни сари кафидааш рангоранг шуда буд, аз зери бағал гирифта мебароварданд. Дар пушти куртаи паҳлавон қисми шаммаи чойи понздаҳтинаи Сафар часпида буд.

«Олуфта»-ҳо тахминан бист нафар буданд. Қариб ҳамаи бачаҳо Девлохро мешинохтанд. Чун аҳволи бади ӯро диданд, касе ба паҳлавон ва дигар бачаҳои бадахшонӣ кордор нашуд. Давида, дохили ошхона даромаданд. Гумон карданд, ки Сафарро куштаанд. Ин сӯю он сӯ нигоҳ карданд. Сафар дастҳояш то ҳол дар рӯяш сахт сипар кардагӣ, бо либосҳои ҷиғда ва дарида дар болои фарши сементии ошхона мехобид. Ӯро тез аз он ҷо кашида бароварданд. Вақте ӯро бардоштанд, то ҳол маст буд. Аммо дастҳояшро гӯё дар рӯяш бо ширеш часпонида бошанд. Ҳеҷ рӯйи хунукашро раҳо намекард. Ба зӯр панҷаҳояшро аз рӯяш ҷудо карданд. Не, рӯйи Сафар ягон осеб надошт. Баданаш сиёҳу кабуд шуда, куртаву шимаш даридагӣ буд, аммо дигар осеби сахт нагирифта, дасту пояш кор мекард. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чӣ гап шуд, Сафар ягон чизро дар ёд надоштааст.

Аз ин ҳодиса як ҳафта мегузарад.

Асари лату кӯб аз бадани Сафар ҳам меравад.

Гурӯҳи ҳамшаҳриҳо тез-тез Сафарро хабаргирӣ меомаданд. Ӯро қаҳрамон эълон карданд. Аммо Сафар ин рафтори худро дар пеши ҳама асари машрубот ва «ноҷавонмардӣ» меномидааст.

Оқибат виҷдонаш ӯро азоб медиҳад ва тасмим мегирад, ки як ба як бо Девлох вохӯрда, аз ӯ бахшиш пурсад. Аммо бачаҳо намонданд:

– Сағера, Девлох туро кофта истодааст. Ба дасташ афтӣ, пора — пора карда мепартояд. Ҳоло ҳам сари кафида ва рангу рӯйи сӯхтагиашро табобат карда, аз шарм кӯча намебарояд.

Тақрибан як моҳ баъд, Сафар як бегоҳ аз касе мешунавад, ки Девлох бо гурӯҳи бачаҳои бадахшонӣ дар ҳамон ошхонаи «Шаҳраки ҷавонон» дар ҳамон миз нишаста, истироҳат доранд. Ӯ бо ягон кас маслиҳат накарда, дар мошини кироя мешинад ва то ошхона меравад. Мисли ҳар дафъа дасту остин барзада, се тугмаи куртаи қафаси сина кушодагӣ, мӯйи сари сихи моил ба пешонӣ ва ҳеҷ вақт шонанакарда, тани танҳо, башаст дохили ошхона мешавад. Бо қадамҳои устувор рост пеши паҳлавон меравад ва бо овози ба ҳама шунаво:

– Девлох! Бародар! Ман Сафар! Маро бубахш!

Девлох сари худро аз миз боло мекунад. Беихтиёр мисли паҳлавони афсонавие, ки даст дароз карда, аз қаъри дарё моҳӣ гирифта, бо ҳамон дасташ рост дар таги бинии Офтоб бурда, пазонда, дар ҳалқаш партофта мехӯрад, аз ҷо бармехезад. Ба ин Сафари «Каҷала»-и сиёҳи нописанди харобаи ҳақир, ки қуввати бардошти як муштро ҳам надорад, бо ғазаб нигоҳ мекунад. Мебинад, ки ӯ тани танҳо, пеши паҳлавон мардонавор омадааст. Бахшиш мепурсад. Дар фикр мемонад.

Ин вақт шогирдони хунгарми Девлох аз ҷо парида хеста, яке аз китф, яке аз гардани Сафар кашиданӣ мешавад, аммо овози раъдосои Девлох:

– Макед! (Накунед)!!! – ҳамаро бозмедорад.

Девлох як дақиқа шах шуда, ба Сафари «Каҷала» нигоҳ мекунад. Каме дандон мехояд. Баъд бо таги бинӣ:

– Як курсӣ биёред! – гуфта, фармон медиҳад.

Меоранд.

– Ин ҷо монед! – гуфта, бари курсии худро нишон медиҳад. Баъд дасти дарозкардаи Сафарро бо аломати бахшидан мегирад ва фармон медиҳад:

– Бишин! Стаканро пур кунед!

– Ака, ман арақро бас кардам! – мегӯяд Сафар.

– Аз кай? – мепурсад Девлох.

– Аз ҳамон рӯз, – ҷавоб медиҳад Сафар.

– Ту бас кардӣ ё тавба? – мепурсад Девлох.

– Тавба накардаам, – мегӯяд Сафар.

– Ин хел бошад, бигир!

Бо ҳамин Девлох бо Сафар оштӣ мекунанд. Ҷӯра мешаванд. Баъди ин рақобати эҳсосотии бачаҳои кӯҳистон барҳам мехӯрад.

Худи Сафар нақли ин ҳодисаро дар байни ҳамшаҳриён ҳам он қадар хуш надошт.

Девлох бисёр бодиққат маро гӯш кард. Ва дар охир гуфт:

– Тамоми нақл, амалҳои Сафари сархӯри ҷӯраи мо дуруст аст, ғайр аз як ҷояш: вақте Сафар маро ноҷавонмардона зад, ман «вой, оча!» нагуфтам. Инро бачаҳои Кӯлоб бофтаанд, – гуфта, хандид.

Бо дасташ изи ҷойи кафида ва чаққа шудаи бари сарашро нишон дод, ки тахминан се-чор сантиметр буд.

Минбаъд ман бо Девлох шиноси хуб шудам.

Чун овозаҳо буд, ки ӯ аз Афғонистон шираи банг гирифта, истифода мекунад, – ӯро сахт таъкид кардам ва шӯхиомез гуфтам:

– Девлох! Бо чунин гуноҳ ба дастам афтӣ, ман туро аз Сафари «Каҷала» ҳам бадтар мекунам.

– Не ба Худо қасам, ки ин корро бас кардаам. Медонам, аз дасти шумо ҳамшаҳриҳои Сафари «Каҷала» ҳар кор меояд, – гуфта, хандид.

Бо гузашти чанд сол шунидам, ки Девлох баъди аз сар гузаштани модараш, дар солҳои қаҳтӣ муътоди нашъа шуда, дар хонааш танҳо монда, ин дунёро падруд гуфтааст.

 

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 2,

Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 87-106)