Шуъбаи аспирантура дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода тибқи қарори Шӯрои олимон соли 1999 таъсис ёфта, он яке аз бахшҳои муҳим дар самти омода кардани кадрҳои педагогӣ ва такмили фаъолияти эҷодии омӯзгорон, баъди хатми илми олии касбӣ, ба қисоб меравад. Шуъбаи аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода аспирантон ва унвонҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои 13.00.05 — «Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарқангӣ», 05.25.03 — «Китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ», 17.00.01 — «Санъати театрӣ», 10.01.10 -«Рӯзноманигорӣ» кормандони илмиро омода мекунад. Таълим дар шуъбаи аспирантура дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст.
Мақолаҳои илмии аспирантон ва унвонҷӯёни донишкада дар маҷаллаи илмии «Молодежь в науке и культуре XXI», Челябински Федератсияи Россия, «Номаи донишгоҳ» — и ш. Хуҷанд, «Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон»,
инчунин дар маҷаллаи «Олами ҳунар», маҷмӯаҳо ва маҷаллаҳои «Паёмномаи фарҳанг», «Паёмномаи рушди маълумот» ва амсоли инҳо чоп мешаванд.
Дар давоми фаъолияти шуъбаи аспирантураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турунзода онро 27 нафар хатм кардааст.