Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода донишҷӯён, тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳо ва барномаҳои таҷрибаомӯзии тасдиқшуда, ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-омӯзгорӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ (эҷодӣ) фиристода мешаванд.
Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ берун аз доираи кредитҳое, ки барои омӯзиши назариявӣ муқаррар шудаанд, гузаронда шуда, барои ҳамаи донишҷӯён ҳатмӣ мебошад.
Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои дар сатҳи зарурӣ гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи сайру сайёҳии иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи ҷумҳуриявии таълими кишваршиносӣ, Раёсати фарҳанги ш. Душанбе, Академияи драмавӣ, Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Телевизиони Баҳористон», Муассисаи давлатии «Шабакаи аввал», Телевизиони «Синамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе», Киностудияи давлатии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Регар»-и ш. Турсунзода, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Муассисаи давлатии «Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ», Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №56, ш. Душанбе, Кӯдакистони рақами №80, ш. Душанбе шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Роҳбари бахши таҷрибаомӯзи
Акрамова Д.О.