Шӯрои олимон  — мақоми олии идоракунии донишкада  маҳсуб меёбад. Шӯрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, тарбиявию эҷодӣ ва молиявию хоҷагидорӣ фаъолият менамояд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои олимони донишкада, пеш аз ҳама, масъалаҳои мухими  таълимӣ, методӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, фаъолияти эҷодии кафедраҳои тахассусӣ, дастаҳои ҳунарии касбӣ, масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои касбӣ ва илмию омӯзгорӣ дида баромада шуда, роҳҳои беҳтар намудани сифати тайёр намудани кадрҳо дар ҳама зинахои таълим хулоса ва пешниҳодҳо омода менамояд. Дар давоми сол натиҷаи фаъолияти солонаи таълимӣ, илмӣ — методӣ ва фаъолияти тарбиявию эҷодии донишкадаро  дар шакли ҳисобот  мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Масъалаи таъсис додан ва бастани факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва номгузории онҳоро Шӯрои олимон чун қоида, бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди донишкада истодаро дар маҷмӯъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд. Номзадҳоро барои дарёфти унвонҳои илмӣ ва пешбарӣ намудан ба мукофотҳои давлатӣ қарорҳо қабул менамояд.

Барои гузарондани чорабиниҳои афзалиятноки таълимӣ, илмӣ ва эҷодӣ захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро сафарбар менамояд.

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӮРОИ ОЛИМОН

— муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани неруи илмӣ, таълимӣ, методӣ ва эҷодии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада;

— дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявию эҷодӣ дар байни донишҷӯён;

-назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.

Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, эҷодӣ ва молиявию хоҷагидории донишкада дар назди ректор  Шӯрои олимон таъсис дода мешавад. Раисии Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро доктори илмҳои фалсафа,  профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Идиев Х.У. ва котиби илмиро Ғоибӣ А. ба уҳда доранд. Ҳайати Шӯрои олимонро ректори донишкада тибқи фармон ба муҳлати 3 (се) сол тасдиқ менамояд. Ҷаласаҳои Шӯрои олимон дар суратҷаласа қайд карда мешавад. Ба суратҷаласа раиси шӯро ва котиби он имзо мегузоранд. Раиси Шӯрои олимон иҷрои мунтазами қарорҳои Шӯрои олимонро зери назорат гирифта, роҷеъ ба он дар ҷаласаи Шӯрои олимон гузориш медиҳад.

Шӯрои олимони Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявию эҷодӣ, фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ қарор қабул менамояд ва қарори қабулшуда аз тарафи ректори донишкада ба тасвиб расида, ҳукми воқеӣ мегирад. Шӯрои олимони донишкада 29 нафар аъзо дорад ва он дар ҳайати зерин ташкил карда шудааст:

[su_table responsive=»yes» fixed=»yes»]

Р/Т Ному насаб Дараҷа ва унвони илмӣ
1 Низомӣ М.З. Док.и. филологӣ, профессор
2 Мирахмедов Ф. Н.и.педагогӣ, профессор
3 Авғонов А. Н.и.филологӣ, дотсент
4 Нарзуллоев Б. Х. Н.и.педагогӣ, дотсент
5 Сангинова Д. Н.и.педагогӣ, дотсент
6 Хоҷаев Ш.
7 Гулназаров С. И.в. дотсент
8 Муъминҷонов З. Д.и. филологӣ, профессор
9 Холов Б.С. Н.и.педагогӣ, дотсент
10 Сангов М.
11 Солеҳов М.
12 Умедов М. Н.и.ф, дотсент
13 Мирзода З. Н.и.филологӣ, дотсент
14 Назарова М. Н.и.филологӣ, дотсент
15 Ёров С.
16 Розиқов Т. Профессор
17 Зафари Ш.
18 Зарипов Х.
19 Носиров Л.
20 Қурбонов С.
21 Азизов Ф.
22 Арабов Ф.П.
23 Раҳимов Б.
24 Юсупов К.
25 Кенҷаев Ҳ.
26 Раҳмонов А.
27 Хоҷаев Ҷ.
28  Ғоибов  А.

[/su_table]