14 май дар толори  «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ -«Ҳисоботи эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни  ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дар соли  таҳсили 2018-2019» баргузор шуд.

   Қабл аз баргузории чорабинӣ дар даромадгоҳи толор намоиши дастовардҳои илмӣ — эҷодии факултаҳои донишкада, аз қабили дастурҳои таълимӣ, китобҳои бадеӣ, ки аз тарафи  омӯзгорону профессорон ба табъ расидаанд, ҳамчунин дастовардҳои донишҷӯёни фаъол аз олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

   Чорабинии  фарҳангӣ таҳти роҳбарии   раиси Шӯрои бадеӣ, профессор С. Қурбонов, саркоргардон, профессор Ф. Мирахмедов, роҳбари мусиқӣ, дотсент  Б. Нарзуллоев омода гардида,  гулчини консертҳои синфии  факултаҳои мусиқӣ- омӯзгорӣ, санъати  мусиқии мардумӣ ва натиҷаи корҳои мустақилонаи  факултаи театр, кино ва телевизионро дар бар мегирифт.

Барномаро донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигорӣ Нигина Азиззода, Муҳаммад Раҷабов ва Саёҳати Нурмаҳмад бо баёни мухтасари дастовардҳои беназири донишкада дар соли таҳсили 2018-2019  ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба ректори донишкада,  профессор Усмонзода Хайридин Усмон  доданд.  Мавсуф  ба аҳли толор бобати дастовардҳои эҷодӣ, ки маҳсули як соли фаъолияти  факултаҳои эҷодии донишкада аст, сухан ронда,  бо қаноатмандӣ аз иштироки  фаъоли донишҷӯёну устодон дар чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ ва ҷумҳуриявидошта дар соли таҳсили 2018-2019  ёдрас шуд. Аз ҷумла, зикр сохт, ки эҷодиёт дар ҳама ҳолат ба навоварӣ рӯ ба рӯст ва шахсе, ки ба мусиқӣ сари кор дорад, сифатҳои волои  эҷодкорро дар худаш инкишоф медиҳад ва ҳунари худро  ба намоиш мегузорад. Бартарияти чорабинии мазкурро дар муқоиса ба чорабиниҳои солҳои қаблӣ дар навовариҳо ва доираи фаргирии вақт, ки васеътару фаррохтар  аст, нисбат дод.

Зикр гардид, ки 6 майи   соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Фестивал-озмуни фарҳангии донишҷӯён  таҳти унвони “Истеъдод”   миёни донишҷӯёни   муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии  шаҳри  Душанбе    ҷамъбаст  гардид. Дар он Меҳробҷони Лутфулло — магистри  соли аввали шуъбаи режиссураи драма ва  донишҷӯи  курси  дуюми  факултаи  санъати мусиқии  мардумӣ  Фарзона Меликова иштирок намуда,  бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиро дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо супурд.

   Сипас, консерти ҳисоботӣ, ки аз намудҳои гуногуни санъати мусиқӣ- хорсароӣ, навозиш, фалаксароӣ, рақс, қироати шеър ва ғайра иборат буд, пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.

Бобоҷон РАҲИМОВ,
омӯзгор