Супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ дар ихтисосҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз 29-уми май оғоз гардиданд. Бо назардошти хусусияти хоси ихтисосҳои эҷодии донишкада супоридани имтиҳонҳо ба ду шакл – тестӣ ва эҷодӣ сурат гирифта истодааст.
Баргузории имтиҳонҳои фанҳои назариявӣ дар маркази тестӣ ва хизматрасонии техникӣ ва имтиҳонҳои эҷодӣ- амалӣ дар синфхонаҳои тахассусӣ дар назар дошта шудааст.
Дар факултаи театр, кино ва телевизион ба донишҷӯён аз рӯи се ихтисос — санъати актёрӣ, режиссураи телевизион ва рӯзноманигори телевизион таълим дода мешавад. Имтиҳонҳои эҷодӣ тибқи талаботи меъёрҳои дар барномаи таълимӣ ҷойдодашуда то имрӯз дар се гурӯҳ доир гардид. Рӯзи 29 май донишҷӯёни курси 2-юми шуъбаи режиссураи телевизион таҳти роҳбарии омӯзгор Валиҷон Назаров аз фанни Нақши коргардон дар таҳияи барномаи телевизионӣ имтиҳон супориданд.
Донишҷӯёни ин гурӯҳ дар ҳаҷми аз 5 то 10 дақиқа барномаи телевизиониро коргардонӣ карда, навори онро барои имтиҳон пешниҳод карданд. Кадрҳо бо диди хуби коргардонии донишҷӯён дар навор пай дар пай, мантиқан бо риояи мутаносибии матн бо наворро ҷой дода, ба омӯзгори имтиҳонгиранда пешниҳод карданд.
30 май донишҷӯёни курси 1-уми шуъбаи санъати актёрӣ аз фанни маҳорати актёрӣ дар ҳузури ректори донишкада профессор Усмонзода Хайридин, намояндагон аз қисми таълим, роҳбари Шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ Қурбонов, омӯзгорони кафедраҳои нутқ ва ҳаракати саҳна, маҳорати актёрӣ ва рӯзноманигори телевизион, имтиҳони эҷодӣ супориданд.
Омӯзгори таълимдиҳандаи фанни маҳорати актёрӣ, роҳбари бадеии гурӯҳ Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон А. Қодиров, омӯзгорон П. Саидов, Ш. Ҷалолиддинов кӯшиш намуданд, ки донишҷӯёнро аз нозукиҳои маҳорат бархӯрдор гардонанд. Қабл аз оғози имтиҳон роҳбари бадеии курс, дотсент А. Қодиров сухан карда, этюди оғозбахши имтиҳонро ба таври рамзӣ «Кирмакҳои пилла» эълон дошт. Сипас этюдҳои омодакардаи донишҷӯён, ки аз таҷрибаву мушоҳидаҳои шахсияшон, дар муддати омӯзиши яксолаи онҳо ба даст омадааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Онҳо тавонистанд таҷрибаи андӯхтаи хешро ба хубӣ ба маърази тамошо гузоранд.
Этюдҳои «Хоб», «Оина», «Сихкабоб», «Моникент», «Олами вуҳуш», «Бемор», «Дирижёр», «Сартарошхона» аз номгӯи этюдҳое мебошанд, ки дар имтиҳон аз тарафи донишҷӯён иҷро карда шуданд.
Дар баррасии имтиҳон ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин андешаҳои худро, бобати минбаъд мукаммал гардонидани нақшҳо баён намуд.
Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёни курси якум Маҳина Узоқбоева, Зумрат Нуъмонова, Ҷумъазода Шаҳноза, Самариддин Нуралиев, Нодир Шокиров, Ҷумъахон Бозоров, Раҳаматулло Хуморов дар нишон додани этюдҳо хеле назаррас буд.
Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири
бахши мониторинги сифати
таҳсилоти ДДФСТ ба номи
Мирзо Турсунзода