Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфузи Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, шуҳрати ҷаҳониро доро мебошад. Донишкадаи мазкур 1 сентябри соли 1919 таъсис ёфта, ҷашни садсолагии он бо Фармони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин «Дар бораи ҷашнгирии 100 — солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов», аз 18. 11. 2017, дар баробари Федератсияи Россия дар дигар кишварҳои аъзои ИДМ низ таҷлил мегардад. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ «Рӯзҳои ВГИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 март оғоз ёфта, то 15 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, дар заминаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, кинотеатрҳои «Зебуниссо», «Ватан» ва Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ идома меёбанд.
[pdf-embedder url=»http://ddst.tj/wp-content/uploads/2019/05/GAZETA-DDFST-1-2-2019.pdf» title=»GAZETA-DDFST 1-2 2019″]