Мувофиқи Қарори Совети Вазирони СССР, аз 22 августи соли 1973, № 590, Совети Вазирони РСС Точикистон қарормекунад:
1.Аз 15 сентябри соли 1973 дар ш. Душанбе Институти давлатии санъати Тоҷикистони Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон дар заминаи факултетҳои санъат ва корҳои маданию равшаннамоии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ташкил карда шавад.
2.Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон факултетҳои санъат ва корҳои маданию равшаннамоии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба ихтиёри Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон диҳад.
Факултетҳои санъат ва корҳои маданию равшаннамоӣ ба ихтиёри Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон аз рӯи вазъият то 1 октябри соли 1973 татбикан ба тартибе, ки бо Қарори Совети Вазирони СССР, аз 12 октябри соли 1965, N° 755, муқаррар карда шудааст, дода шавад.
3.Вазорати маорифи халки РСС Тоҷикистон барои муваққатан ҷойгир кунондани Институти давлатии санъати Тоҷикистон бинои нави мактаб — интернати республикавии миёнаи махсуси мусиқавиро ба ихтиёри Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон диҳад.
4.Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон бо розигии Вазорати молияи РСС Тоҷикистон ва Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафта структура ва штатҳои Институти давлатии санъати Тоҷикистонро дида баромада, тасдиқ кунад.
Вазорати молияи РСС Тоҷикистон дар мӯҳлати 10 рӯз ба Совети Вазирони РСС Тоҷикистон дар бобати ба Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон зиёд намудани пулҷудокуниҳои ҳадди охирин барои таъминоти аппарати идоракунӣ ва манбаъҳои пур кардани хароҷот барои таъминоти Институти давлатии санъати Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад.
5.Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон. Институти давлатии санъати Тоҷикистонро бо кадрҳои ихтисосноки роҳбарикунанда ва педагогӣ комплектонад.
6.Госплани РСС Тоҷикистон, Вазорати молияи РСС Тоҷикистон ва Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон ҳамаи масъалаҳоеро, ки ба мустаҳкам кардани базаи таълимию моддӣ, инчунин ба кори балоиҳагирӣ ва сохтмони корпуси таълимӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва дигар объектҳои Институти давлатии санъати Тоҷикистон вобастаанд, дида бароянд ва ҳал кунанд. Дар бобати масъалаҳое, ки қарори Ҳукумати РСС Тоҷикистон талаб мекунанд, ба Совети Вазирони РСС Тоҷикистон таклифҳои ба онҳо розигӣ ҳосил гардидаро пешниҳод намоянд.