Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва рушди инноватсионӣ
Авғонов Алишер Файзуллоевич номзади илмҳои филологӣ
Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73А
Тел: 231-18-51
E-mail: alisher-tj@bk.ru

 


Қисми илм ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  яке аз сохторҳои асосии таркибӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти илмӣ — тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ — омӯзгорӣ ва робитаҳои хориҷиро дар донишкада ҳамоҳанг месозад. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада зиёда аз 44 сол  инҷониб ба тадқиқоти проблемаҳои рушди соҳаи фарҳанг ва санъати мамлакат машғул мебошанд. Корҳои илмӣ — тадқиқотӣ бо фаъолияти таълимии донишкада хеле зич алоқаманд буда, вобаста ба талаботи замон ва  ниёзҳои соҳаи фарҳанг ва санъат, ихтисосҳои навро дар донишкада  таъсис дода истодаанд.

Қисми илм ва робитаҳои байналмилалӣ бевосита ба муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ тобеъ мебошад. Он фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо ва дигар сохторҳои донишкадаро оид ба иҷрои корҳои илмӣ — тадқиқотӣ, илмӣ — методӣ, илмӣ — амалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ — педагогӣ тавассути аспирантура, доктор PHD, докторантура, баландбардории дараҷаи тахассуси устодон, ҷалби донишҷӯёну магистрон ба намудҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ ва инноватсионӣ, танзими раванди муносибатҳои хориҷиро ба роҳ мемонад. Дар назди шуъбаи илм аспирантураи шуъбаи рӯзона ва ғоибона амал менамояд.

Натиҷаҳои корҳои илмӣ — тадқиқотии устодон мунтазам дар раванди таълим дар донишкада татбиқ гардида, барои таҷдиди маводи лексионӣ, омодасозии монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва таълимӣ — методӣ истифода мегарданд.

Робитаҳои байналмилалии донишкада бо мақсади тақвияти таҷрибаи педагогӣ, табодули устодон, донишҷӯён, магистрон бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ амали карда мешавад. Имрӯз донишкада бо 18 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Эрон, Чин, Русия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст.