Талаботҳои  қабул барои дохилшавандагони тахассусҳои  эҷодиву ҳунарии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

 

1170101

 

Санъати актёрӣ Иҷрои этюд (бадеҳатан);

Имкониятҳои зоҳирӣ-касбии довталаб (қаду қомат ва чеҳраю абру);

Маҳорати эҷодӣ-иҷрокунандагӣ: иҷрои нақш, суруд, рақс, пантомима,  навохтани сози мусиқӣ ва ғ.;

Имкониятҳои ботинӣ-касбии довталаб  (коршоямии панҷ ҳисси баркамол, тахайюли рангин, боварӣ, эътимод ва ғ.);

Қироати шеър, порчаи насрӣ, масал ва зарбулмасал, тақлидкорӣ ва ғ.);

Иттилоъ  доштан оид ба санъати актёрӣ, режиссёрӣ, кино, рассомӣ, драматургия ва ғ.

1170102 Режиссура (намоишҳои театронидашуда ва идҳо) Иҷрои этюд (бадеҳатан).

Имкониятҳои зоҳирӣ-касбии довталаб (қаду қомат ва чеҳраю симо).

Маҳорати эҷодӣ-иҷрокунандагӣ: иҷрои нақш, суруд, рақс, пантомима  ва ғ.

Имкониятҳои ботинӣ-касбии довталаб  (коршоямии панҷ ҳисси баркамол, тахайюли рангин, боварӣ, эътимод ва ғ.)

Қироати шеър, порчаи насрӣ, масал ва зарбулмасал, тақлидкорӣ ва ғ.)

Иттилоъ доштан оид ба санъати актёрӣ, режиссёрӣ, кино, рассомӣ, драматургия ва ғ., Омода намудани нақша-сенария (ид, маросим, консерт, кино ва ғ.).

117010203 Режиссура (филми бадеӣ) Иҷрои этюд (бадеҳатан).

Имкониятҳои зоҳирӣ-касбии довталаб (қаду қомат ва чеҳраю симо).

Маҳорати эҷодӣ-иҷрокунандагӣ: иҷрои нақш, суруд, рақс, пантомима ва ғ.

Имкониятҳои ботинӣ-касбии довталаб  (коршоямии панҷ ҳисси баркамол, тахайюли рангин, боварӣ, эътимод ва ғ.).

Қироати шеър, порчаи насрӣ, масал,  зарбулмасал, тақлидкорӣ ва ғ.).

Иттилоъ  доштан оид ба санъати актёрӣ, режиссёрӣ, кино, рассомӣ, драматургия ва ғ.

Омода намудани нақша-сенарияи кино дар мавзуи пешниҳодшуда ва ғ.

 

1170201 Санъати хореографӣ Бе маълумоти хореографӣ Бо маълумоти хореографӣ
— Санҷиши шунавоии мусиқӣ ва зарби пойҳо, симои зоҳирӣ;

— маҳорати иҷроиши рақси тоҷикӣ, классикӣ, фолклорӣ, этнографӣ, маросимӣ;

— санҷиши маҳорати актёрӣ, таҳияи этюд, пантомима, маросими тўйи арўсӣ, гаҳворабандон ва ғ.;

— омода кардани рақси муаллифӣ.

-иҷрои рақси классикӣ;

-иҷрои рақси халқӣ-саҳнавӣ;

-композитсия ва басаҳнагузории рақс;

-эҷоди рақси тоҷикӣ аз рўи мусиқии пешниҳодшуда;

-этюдҳои рақсӣ аз рўи мусиқиҳои гуногун ва асарҳои оҳангсозон;

— иҷрои ҳаракат ва элементҳои рақси классикӣ, халқӣ-саҳнавӣ ва ғ.

— санҷиши маҳорати актёрӣ;

— маҳорати иҷро намудани рақсҳои Осиёи Миёна ва Шарқ, аврупоӣ, рақси муосир, эстрадӣ;

— омода кардани рақси муаллифӣ.

 

 

 

Шифр Ихтисос Бо маълумоти мусиқӣ Бе маълумоти мусикӣ
1030102 Санъати мусиқӣ Санҷиши дониш аз фанҳои назариявии мусиқӣ, солфеджио ва фаҳмишҳои истилоҳоти мусиқӣ.

Иҷрои асарҳои композиторон бо ҳамовозии фортепиано ва ғ.

Сароидани суруд ва  навохтани  оҳангҳои халқӣ дар сози мусиқӣ ва ғ.

 

Сароидани суруд ва  навохтани  оҳангҳои халқӣ дар сози мусиқӣ ва ғ.

Муайян намудани шунавоии гармоникӣ ва мелодикӣ, дарки мусиқӣ  (зарб, хотира, ҷуркунии овоз) ва ғ.

Сӯҳбат дар бораи мутрибони машҳури созҳои халқӣ, ансамблҳо ва сарояндагони машҳури халқи тоҷик. Қироати шеър

116011002 Сурудхонӣ (халқӣ) Сароидани суруд  ва навохтани оҳангҳои халқӣ дар сози мусиқӣ.

Иҷрои асарҳои композиторон бо ҳамовозии фортепиано.

Санҷиши дониш аз фанҳои назариявии мусиқӣ, солфеджио ва фаҳмишҳои истилоҳоти мусиқӣ.

 

Муайян намудани шунавоии гармоникӣ ва мелодикӣ, дарки мусиқӣ  (зарб, хотира, ҷуркунии овоз) ва ғ.

Сароидани суруд ва  навохтани оҳангҳои халқӣ дар сози мусиқӣ.

Сўҳбат дар бораи  ҳофизони машҳури ҷумҳурӣ,  ансамбл-ҳои машҳури сарояндагони  халқӣ,  қироати шеър.

11801010102 Мусиқии халқӣ (созӣ) Иҷрои асарҳои композиторон бо ҳамовозии фортепиано.

Санҷиши дониш аз фанҳои назариявии мусиқӣ, солфеджио ва фаҳмишҳои истилоҳоти мусиқӣ.

Сӯҳбат дар бораи навозандагони машҳури созҳои халқӣ, оркестр ва ансамблҳои созҳои халқӣ ва ғ.

Навозиш дар яке аз созҳои мусиқӣ.

Муайян намудани шунавоии гармоникӣ ва мелодикӣ, дарки мусиқӣ  (зарб, хотира, ҷуркунии овоз).

Сӯҳбат дар бораи навозандагони машҳури оркестр ва ансамблҳои созҳои халқӣ  ва ғ.