Рӯзҳои 17-18-уми майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба муносибати эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст» баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯи соли аввали факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Абдусатторов Меҳроб аз фани забон ва адабиёти тоҷик ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардида, донишкадаро дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовор муаррифӣ намуд.
Раёсати донишкада Абдусатторов Меҳробро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.