Дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, декани факултаҳо, донишҷӯён ва кормандон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта шудааст. Ниёгони мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллатамон таҷассум гардидааст.

Ректори донишкада аз таърихии парчамдории тоҷикон ёдовар шуда, зимнан тазаккур дод, ки Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо — тоҷикон муқаддас аст. Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

Баъд аз суханронии ректори донишкада барномаи фарҳангӣ, ки фарогири шеъру суруд, раќсҳои мавзун ва оҳангҳои дилошӯб буд, дар иҷрои устодону донишҷӯён пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардонда шуд.

Кароматулло   ЮСУПОВ,  

мудири шуъбаи кор бо   ҷавонони 

                                                 МДТ “ДДФСТ ба  номи  Мирзо  Турсунзода” 

Чоп кунед