Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 26 ноябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  бо ширкати муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруф Оқилов ва доираи васеи устодону донишҷўёни донишкада ҳамоиши тарғиботӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳадафи чорабинӣ таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Ректори донишкада мавзўъҳои матраҳшавандаро барои пешрафти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҷалб намуд.

Мавзўъҳои ташаккули малакаи тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондўстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа дар меҳвари суханронии муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ қарор гирифтанд.

Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки рӯ овардан ба сиёсати ҷавонон ин худ тақозои таърих ва назари хирадмандонаю ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор диҳанд. Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омода бошанд.

 

Зикр гардид, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Президенти кишвар ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.

Дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, ки тавассути ироаи паёми Президенти кишвар ба Маҷлисии Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии миллати тоҷик аст.

Мавсума Муинӣ таъкид кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамешагӣ моҳияти созандагӣ ва барномавӣ дошта, ифодакунандаи рушди устувори кишвар мебошад.

Ёдрас шуд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намуд.

Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намуд. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд (12 миллион аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр).

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд (3500 кат дар шаҳри Душанбе). Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

 

Пешвои миллат дар Паёми худ  иброз намуданд, ки соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Лозим ба зикр аст, ки дар соли 2020 дар пойтахт низ 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар маҷмуъ 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Дар ин давра дар пойтахт се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 3600 ҷойи нишаст дар ду баст ва 2 кӯдакистон барои 1000 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин давра дар пойтахт беш аз 400000 метри мураббаъ масоҳатҳои тиҷоративу истиқоматӣ ба истифодаи сокинон пешниҳод гардид. Ҳоло дар шаҳр бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёди беш аз 450 иншооти муосири иҷтимоиву истеҳсолӣ бомаром идома дорад.

Ба таъкиди Пешвои миллат соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд (дар пойтахт се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо беш аз 4000 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ барои 900 кӯдак).

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст (танҳо дар чор соли охир дар пойтахт 22 муассисаи таълимӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардид). Дар соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 12 иншоот барои 13 ҳазору нуҳсад ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст.

Муовини раиси шаҳри Душанбе бо итминон зикр сохт, ки ҷавонони сарбаланду ватандӯсти пойтахтамон ва ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ таҳти ливои зафарпешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Маъруф Оқилов, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”, зимни суханронии худ нақши шабакаҳои телевизиониро дар тарғиби сиёсати фарҳангпарварона ва одилонаи Пешвои миллат муассир номида, аз марҳилаҳои рушди онҳо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар ин давра шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо», «Футбол», «Шаҳнавоз» ва ғайраҳо таъсис ёфтаанд. Мавсуф иброз дошт, ки худ хатмкардаи донишкадаи мо буда, муассиса дар таъмин намудани шабакаҳои телевизионии кишвар ба мутахассисони соҳа ҳамасола нақши босазои худро мегузорад, ки ин боиси ифтихор аст.

Бар пояи иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода тамоми нобасомониҳои фардиву иҷтимоӣ, аз қабили пошхўрии оилаҳо, нобаробариҳои иҷтимоӣ, беадолатию ноамнӣ, ҳасадхўрӣ, бемориҳои сироятӣ, каҷравиҳои ахлоқӣ аз ҷумлаи осебҳои хурду бузурги иҷтимоӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мебошанд, ки сабаби асосии пайдоиши онҳо исрофкорӣ, ғофил мондан аз арзишҳои маънавӣ ва риоя накардани усули ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.

Пас аз суханрониҳои гурўҳи таблиғотӣ байни онҳо ва устодону донишҷўёни донишкада муколамаи озоду самимона сурат гирифт, ки аз судманд будани чунин чорабиниҳо дарак медод.

Аз суханрониҳо ва табодули афкори ҳозирин муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба ваҷд омада, аз иштироки фаъолона ва ғолибияти устодону донишҷўёни донишкада дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ёдовар шуда, аз номи роҳбарияти шаҳри Душанбе минатдории худро баён намуд.

Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қишри ҷавони кишвар таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, мавқеи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомузӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро  андешида истодааст.

Додоҷон РЎЗИЕВ

Чоп кунед