Бо ҳамин унвон имрӯз дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Зимнан ёдрас мешавем, ки толори мазкур ва сози мусиқии арғунун  маҳз бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 — уми июни соли  2011 ба истифода дода шуда, дар ин  чорабинии фарҳангӣ аввалин маротиба Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дода буд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишони садоқат ба давлату миллат, рамзи муҳаббат ба Ватан ва шарафу номуси ватандорӣ маънидод намуда, иброз дошт, ки ин ҷашни ҳумоюн ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.

           Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.

         Гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Дар сатҳи байналмилалӣ  ҷашн гирифтани 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон на танҳо дар баланд гардидани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, балки дар муаррифии тахриху тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

        Баъдан, декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф дар мавзӯи “Пешвои миллат ва рушди соҳаи китобдорӣ” маърӯза намуда, зикр сохт, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти китобу китобдорӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ҳар сол 4-уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб ҷашн гирифта шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат меҳру муҳаббат ба китоб ва шавқи китобхониро дар ҳаёти сокинони сарзаминамон дубора эҳё намуд, мақоми онро дар ҷомеа тавсеа бахшид ва рушди фарҳанги миллиро ба унвони воситаи таъсирбахшу коромаде баланд бардошт. Президенти мамлакат ҳамеша ҷавононро ба омӯхтан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ даъват менамоянд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба пешафту тараққии кишварамон ноил гардем.

          Дар қисмати илмӣ-назариявии чорабинӣ маърӯзаҳои илмии устодони донишкада бо унвонҳои “Пешвои миллат ва истиқлолияти фарҳангӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон-тарғибгари фарҳанг ва санъати тоҷик”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ”, “Фарҳанги миллӣ дар оинаи сиёсати Пешвои миллат”, “Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи мусиқии суннатии тоҷик”, “Пуштибони сулҳи абадӣ ва ваҳдати башарӣ”, “Мақоми ҳунарҳои мардумӣ дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат”, “Нақши Пешвои миллат дар рушди санъати сарояндаггии касбии халқӣ” ва “Ҳомии сулҳу ваҳдат ва кафили истиқлолияти миллӣ” матраҳ гардиданд. Пешниҳод шуд, ки маърӯзаҳои илмии ироагардида дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба нашр расонда шаванд.

  

          Дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳунарии аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни донишкада таҳияшуда, ки фарогири шеърҳои “Пешвои миллат”, “Суруди истиқлол”, “Эй Пешво”, “Ваҳдат”, “Ҳусни Ватан”, “Эй ҳамватан”, “Тоҷики тоҷиктарин Эмомалӣ”, “Ӯ ҷони миллат аст” ва рақсу оҳангҳои дилошӯб буд, пешкаши аҳли нишаст гардонда шуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ

Чоп кунед