ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба ифтихори Рӯзи Фалак

Омӯзгорони арҷманд, шогирдони азиз!

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 — уми ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Ҳамзамон, бо Фармони Сарвари давлат аз соли 2004 ба ин сӯ ҳамасола 10 — уми октябр Рӯзи Фалак дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир, бешубҳа, барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад.

Фалак, ки  ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон маҳсуб меёбад, аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намуд. Фалак эҷодиёти этнографӣ ва жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро фаро гирифта, ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад.  Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Фалак , моҳи октябри соли 2008, мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Фалак табрик гуфта,  зикр намуда буданд, ки имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро  сайқали тоза мебахшанд. Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондаанд. Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем. Мо, ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумӯи он пайваста саъю талош намоем.

Ёдрас мешавем, ки 18-уми октябри ҳамон сол дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон базми фалакхонӣ бо ширкати ҳунармандони шинохтаи ансамбли давлатии «Фалак», ҳунарпешагони касбию ҳаваскор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ҳамчунин кишварҳои Афғонистону Эрон баргузор гардида буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳунармандони афғону эронро, ки  маҳорати  баланди  фалаксароӣ нишон  доданд, бо хушнудӣ истиқбол карда, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки соли оянда  дар Тоҷикистон озмуни  байналмилалии фалаксароӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тавр, мувофиқи дастури Пешвои муаззами миллат 8-уми октябри соли 2009 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фестивал — симпозиуми байналмилалии «Фалак» баргузор гардид. Бори аввал дар ин фестивал меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон ва Афғонистон иштирок карда, ҳунари фалаксароии худро пешкаши ҳаводорони ин жанри мусиқии суннатӣ намуданд. Ҳамчунин, дар доираи фестивал бо иштироки олимон, санъатшиносон ва донишмандони соҳаи фарҳанг аз Федератсияи Русия, ИМА, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ бо унвони «Рушди жанри фалак: назария ва таърих» баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки фалак дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд намудааст. Ин аст, ки имрӯз, дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо ба мушоҳида мерасанд. Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон фалак бо номҳои фарёд, фироқӣ, чорпорӣ, каллафарёд машҳур аст. Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷро маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ  ва маҳаллу тарзи иҷро ба намудҳо ҷудо шавад, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷро табақабандӣ шудааст.

Таърихи фалак хеле қадимӣ буда, пайдоиши онро пажӯҳишгарон ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд. Ба ақидаи муҳаққиқ Қурбони Қурбониён, фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт ва аз ҳафт парда иборат буд.

Зикри як нукта муҳим аст, ки дар даврони шӯравӣ пажӯҳиши ин жанри беҳамтои ҳунари суннатӣ кам сурат мегирифт ва муносибат нисбат ба арзишҳои мардумӣ низ ба қадри кофӣ набуд. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ  ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақому Фалак таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар ин самт як қатор пажӯҳишгарон, назири Аслиддин Низомов, Талабхӯҷа Сатторов, Қурбони Қурбониён ва дигарон асарҳои пурарзиш эҷод намудаанд.

Ба назари муҳаққиқ Фароғат Азизӣ, Фалак зуҳуроти олии мусиқии суннатӣ ва эҷодии мардуми кӯҳистон буда, «мақому манзалати фалак дар мусиқии тоҷикони кӯҳистон баробар ба аҳамияти мақом дар ҳаёти мусиқии тоҷикони водинишин мебошад».

Композитори зиндаёд Талабхуҷа Сатторов решаҳои Фалак ва пайдоиши онро аз анъанаҳои аҷдодии қадимаи мо, аз замони Зардушт ва ватани онро Осиёи Миёна медонад.

Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар тамоми муассисаҳои махсуси мусиқӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ду бахши сарояндагии халқӣ амал мекунад, ки якеи он бахши фалаксароӣ мебошад. Донишкадаи мо низ кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) дошта, дар он бахши фалаксароӣ роҳандозӣ гардида, омӯзгорон — Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, мутахассисони ҷавон Ибодат Раҷабова, Шоҳин Абдуллоев ва Диловар Айдаршозода ба донишҷӯён нозукиҳои фалаксароиро меомӯзонанд. Инчунин, дар фанҳои таърих ва услуби иҷроиши сурудҳои халқӣ ва сурудхонии гурӯҳӣ иҷрокунандаи вазифаи дотсент Ҳаётой Муминова аз қисматҳои силсилавии жанри фалак бо донишҷуён машѓулият мегузаронад.

Барномаи мукаммали таълимӣ барои фанни сурудхонии халқӣ ва бахши фалаксароӣ аз тарафи омӯзгор Диловар Айдаршозода таҳия шуда, он барои омода намудани мутахассисони соҳибкасби жанри фалак мусоидат менамояд. Шурӯъ аз соли таҳсили 2019-2020 дар факултаҳои санъати мусиқии мардумӣ ва мусиқии омӯзгорӣ фанни Таърихи фалак ворид гардид, ки барои шинос намудани донишҷуён бо таъриху услуби иҷроиши мусиқии суннатии фалак ва омӯзиши он такони ҷиддӣ бахшид.

Ҳамзамон дар донишкада анасамбли “Фалак” бо роҳбарии Ҳаким Дамдоров фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯ дарси маҳорати фалаксароиро ёд мегиранд. Ансамбли мазкур дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию ҳунарии сатҳи донишкадавӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона дорад.

Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои мудовими шумо-устодони гиромиқадр мақому манзалати Фалак боз ҳам боло рафта, ин жанри мусиқии суннатӣ дар байни мардум маҳбубияти бештар пайдо менамояд.

 

Саломату сарбаланд бошед!

Чоп кунед