Дар Китобхонаи илмии донишкада бахшида ба Рӯзи Парчами давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии «Бойгонишиносони ҷавон»-и кафедраи бойгонишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ баргузор гардид. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни факулта ва кормандони Китобхонаи илмӣ иштирок намуданд.

Мудири кафедраи бойгонишиносӣ, роҳбари маҳфили илмии «Бойгонишиносони ҷавон» Майрам Мамадазимова перомуни нақши Парчами давлатӣ дар худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон, дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки парчам яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

Муовини декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Шариф Наботов оид ба рангу аломатҳои парчам, ки  ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостониамон мебошанд, андешаҳои ҷолиб баён намуд. Мавсуф зикр кард, ки рангҳои парчами мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд.

Иштирокдорони маҳфили илмӣ ба ин назар буданд, ки арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ — Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон бояд ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд.

                                               Назрӣ ХОЛИБОЕВА,

ассистенти кафедраи

Бойгонишиносӣ

 

Чоп кунед