24-уми ноябр дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ ба давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, вақте истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.

Ректори донишкада аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошад, ёдовар шуд. Зикр кард, ки парчам вожаи суғдӣ буда, ба маънии зулфу кокул, пӯпаки абрешимӣ ва  мӯй низ омадааст. Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта, бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шудааст. Аксарияти муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар давоми беш аз чор ҳазор соли маълуми таърихи дирафшҳо, ки аввалини онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст дирафши давлатиеро ба вуҷуд овардаанд, ки ба нишонаҳои имрӯза монанд мебошанд.

Хотирнишон гардид, ки гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.

-Ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳо абармардони дигари гузаштаи мост, — иброз дошт Муҳриддин Низомӣ.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода иштирокдорони ҳамоишро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти вазорат табрик намуда, зикр сохт, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад. Ба гуфтаи мавсуф, имрӯз ифтихор аз рамзҳои давлатдорӣ дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа ҷой гирифтааст ва ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад. Аз ин лиҳоз, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои халқи тамаддунофарамон ҳамеша парафшон хоҳад буд ва мо бо арҷгузорӣ ба он дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои навбанав ноил хоҳем гашт.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Дар барномаи консертӣ, ки фарогири шеъру оҳангҳои “Парчамат поянда бод!”, “Парчам”, “Парчами саодат”, “Тоҷикистон”, “Сарвари оқил”, “Рақси бадахшонӣ”, “Гулдухтарони тоҷик”, “Идона”, “Попурӣ-ҳиндӣ” буд,  филми мустанади “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон” намоиш дода шуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ

 

 

 

Чоп кунед