Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодӣ-омӯзгории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои Дӯстии халқҳо ва Шараф,  медали Ситораи тиллои “Сулҳ — Россия” ва чандин диплому ифтихорномаҳо устод Марям Исоева маҳфили эҷодӣ баргузор гардид.   Маҳфили эҷодиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Марям Исоева аз зумраи чеҳраҳои маъруфи театр ва синамои тоҷик ба ҳисоб рафта, дар давоми 50-соли фаъолияти эҷодӣ-омӯзгориаш садҳо ҳунарманди соҳаи фарҳангу санъатро тарбия ва ба камол расондааст. Устод дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав буда, пас аз хатми ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд ва аз соли 1961 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, тадриҷан тамоми зинаҳои касбиро тай кардааст.        Ҳунарпешаи хушсалиқаву пурмаҳорати театр бо симои мувофиқи образофарӣ ба зудӣ миёни мухлисону роғибони театру синамо маҳбубият пайдо карда, ба дили онҳо раҳ кушод. Ҳарчанд нақшҳои лирикию драмавиро дар ғояти эҳсоси баланд иҷро мекард, аз бозидани образҳои фоҷиавию мазҳакавӣ низ ба хубӣ мебаромад. Хидмати устод Марям Исоева дар дубляжи филмҳо низ бузург буда, бо дарки эҳсоси ботинии қаҳрамонаш ва садои ҷолибу марғуладораш дилҳои ҳаводоронашро тасхир намудааст.        Маҳорату истеъдоди ин бонуи ҳунар, зане, ки аз таҷрибаи ҳаёт ва зиндагиву рӯзгори мардуми худ баҳра бардоштааст, дар тарбия ва баланд бардоштани маънавиёти миллати тоҷик беандоза бузург аст. Нақшҳои дар саҳнаи театри тоҷик бозидаи Марям Исоева, аз ҷумла Бахмал (“Суруди кӯҳсор”-и Ғанӣ Абдулло),  Манзура (“Гавҳари шабчароғ” — и Сотим Улуғзода), Таҳмина (“Рустам ва Суҳроб”-и Абулқосим Фирдавсӣ), Малика, Фигирендо (“Эзоп”-и Фигейредо), Арина («Камбағалӣ айб нест»-и А.Н. Островский), Смералдино («Шоҳгавазн»-и К. Готси), Эмилия  («Отелло»-и У. Шекспир), Мавҷуда («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ),  Гертруда («Модарандар»-и О. Балзак), Силвия («Ду веронагӣ»-и У. Шекспир), Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М. Байҷиев) ва ғайраҳо нотакрору фаромӯшнашавандаанд. Ҳунарпеша ҳар як нақшро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки аз як намоиш ба намоиши дигар, аз як нақш ба нақши дигар маҳорати худро сайқал диҳад.

Зикр гардид, ки яке аз чеҳраҳои тобони санъати касбии миллии тоҷик  Марям Исоева тайи фаъолияти эҷодӣ дар саҳнаи театр ва кино беш аз 150 нақш офаридааст. Зимни сафарҳои ҳунарӣ ба як қатор кишварҳои ҷаҳон, назири Русия, Белорус, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Булғористон, Руминия, Полша, Литва, Латвия, Непал, Туркия, Ҳиндустон, кишварҳои арабӣ ва ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди  Шӯравӣ фарҳангу санъати миллиамонро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.

   Ба гуфтаи ректори донишкада, фаъолияти сермаҳсули ҳирфаӣ ва меҳр ба касби омӯзгорӣ Майрам Исоеваро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва ӯ дар вазифаи омӯзгори кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна фаъолияти беш аз 50 — солаи пурсамар намуда истодааст. Дар ин муддат садҳо шогирдонро тарбия намуда, ба ҷодаи фарҳангу ҳунар раҳнамун сохтааст, ки аксарашон ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон ва дорандагони дигар унвонҳои ифтихорӣ мебошанд.

     Ҳунарпешаи маъруф Марям Исоева ҳикмати “Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан, Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард”-ро дар ҳар маҳфилу маҷлис ба забон меорад. Ҳамеша аз заҳматҳои устодонаш — Тӯҳфа Фозилова, Муҳаммадҷон Қосимов ёдовар мешавад ва бо ифтихор мегӯяд, ки дувумӣ дар ташаккули камолоташ таъсири падарона расондааст ва Тӯҳфа Фозиловаю Мушаррафа Қосимова бошанд, меҳри модарона зоҳир кардаанд. Ҳамкориҳои доимии судманд бо чеҳраҳои маъруфи кишвар ва берун аз он, назири Аслӣ Бурҳонов, Шамсӣ Қиёмов, Турахон Аҳмадхонов, Гурминҷ Завқибеков, Маҳмудҷон Воҳидов, Фотима ва Соҷида Ғуломоваҳо, Ҳошим Гадо, Мукарама Камолова, Хушназар Майбалиев ва даҳҳои дигар барояшон сабақи бузурги эҷодӣ буду мебошад.

   Шахсияти Марям Исоева ҳамчун ҳунарманди асил солҳост, ки ба ҳаводорон ва дилбастагони театр ва кинои тоҷик шинос аст. Боварии комил дорем, ки симоҳои офаридаи устод Марям Исоева дар хазинаи фарҳанги миллат ҷовидона маҳфуз монда, номи ин ҳунарманди оламшумулро то парафшон будани парчами маърифату ҳунар зинда нигоҳ медоранд.        Пас аз ироаи сухани табрикии ректори донишкада филми мустанади “Марям — достон” намоиш дода шуд, ки аз ҳаёт ва рӯзгори Марям Исоева қисса мекард. Дар доираи маҳфили эҷодӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу хотирмон буд.

Додоҷон РӮЗИЕВ

Чоп кунед