Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи Лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” бо унвони “Ҷамъбасти  татбиқи лоиҳа: натиҷагирӣ ва пешниҳодҳо” мизи мудаввар доир гардид. Дар ҳамоиш мушовирони байналмилалӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии шарики лоиҳа тариқи онлайн, мушовирони миллии лоиҳа ва устодону кормандони донишкада ҳузур доштанд.

Мизи мудавварро  муовини ректори донишкада оид ба таълим Фарҳод Махсудзода ҳусни оғоз бахшида, паём ва сипосгузории ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомиро ба иштирокдорони ҳамоиш расонда, баргузории чунин чорабиниҳоро судманд ва тақвиятбахшандаи равобити илмию фарҳангии тарафайн арзёбӣ намуд.

Мавсуф нуктаҳои муҳимми паёми ректори донишкадаро ба иштирокдорон ироа намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки экспертҳои байналмилалӣ аз Донишкадаи умумирусиягии кинематография ба номи С. Герасимов, Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Донишгоҳи католикии Словакия, Донишгоҳи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон ва экспертҳои миллӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон ва МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи созишномаи ҳамкорӣ аз 25 сентябри соли 2019 то имрӯз якҷо бо масъулони Лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” барои ба роҳ мондани ихтисосҳои нави “ВЕБ- журналистика” ва “Иттилоот ва робита бо ҷомеа”, таҳияи 4 стандарти таълимӣ ва 8 барномаи таълимӣ бо маслиҳату пешниҳодҳои судманди хеш саҳми сазовор гузоштанд.

         Баъдан, менеҷери лоиҳа, декани факултети режиссура, кино ва телевизион, доктори илмҳои филология, профессор Зулфиддин Муъминҷонов маълумоти заруриро оид ба ҷамъбасти лоиҳаи татбиқшуда дар солҳои 2019-2021 пешниҳод намуда, иброз дошт, ки дар ин муддат силсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла тренинги омӯзишии эксперти байналмилалӣ, Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессори кафедраи режиссура, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон Махкам Махаметов, рӯзҳои 17 — 19 декабри соли 2019, сафари омӯзишӣ  ба Институти умумирусиягии кинематография ба номи С. Герасимов, рӯзҳои 22 — 25 декабри соли 2019, сафари омӯзишӣ  ба Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, рӯзҳои 6 — 13 январи соли 2020, конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши WEB – журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо”, 4 марти соли 2020, тренинги омӯзишии экспертҳои байналмилалӣ, профессор, мудири кафедраи режиссёри овоз ва маҳорати оператории Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон Иқболҷон Мелиқузиев ва дотсенти кафедраи режиссёри овоз ва маҳорати оператории ҳамин донишгоҳ Камола Хидирова, 13 — 17 феврали соли 2021, сафари омӯзишӣ  ба Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон,  аз 24 феврал то 3 марти соли 2021, конфронси илмӣ — назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши воситаҳои электронии ахбори омма дар инъикоси арзишҳои фарҳангии кишвар: мушкилот ва дурнамо”, 9 марти соли 2021 баргузор гардиданд. Гуфта шуд, ки 11 феврали соли 2021 дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма Студияи таълимии телевизион ва радио, лабораторияҳои танзимгарӣ ва забономӯзии ихтисосии муҷаҳҳаз бо технологияи рақамии замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Зимнан, ёдрас шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи грантӣ донишкада соҳиби Студияи таълимии телевизион ва радио, лабораторияҳои танзимгарӣ ва забономӯзии ихтисосии муҷаҳҳаз бо технологияи рақамии замонавӣ гардид.

Иштирокдорони миззи мудаввар ҷамъбасти татбиқи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ”-ро натиҷагирӣ намуда, ба чунин хулоса омаданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо дар амалӣ гардондани сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарбияи фарҳангии мутахассисони ояндаи соҳаи фарҳанг ва санъат нақши калидӣ мебозанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ

 

Чоп кунед