Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31. 01. 2020, №1445 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даќиќ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Истифодати технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ, видиопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ)”, “Барномаи компютерии адворнависӣ Сибелиус”, “Забони русӣ” ва “Забони англисӣ” бо иштироки кормандон ва омӯзгорони донишкада оѓоз гардиданд.

 

 

 

 

 

Курсҳои омӯзишӣ даҳ рӯз идома ёфта, дар баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ ва такмил додани донишу истифода аз технологияи муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, савияи дониши техникии мутахассисон ва устодони донишкада мусоидат менамоянд.

 

Султонмурод ЁРОВ,

декани факултети такмили ихтисоси

 кормандони фарҳанг, санъат ва табъу

нашри МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”

Чоп кунед