9-уми октябр дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Фалак, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10 — уми октябр дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ-ҳунарӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода оғоз намуда, Паёми табрикии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомиро бахшида ба Рӯзи Фалак қироат намуд. Зикр гардид, ки фалак имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст. Чуноне ки Пешвои миллат иброз доштанд:  «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем. Мо, ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумӯи он пайваста саъю талош намоем».

Иттилоъ дода шуд, ки  дар назди кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахши фалаксароӣ роҳандозӣ гардида, омӯзгорон ба донишҷӯён нозукиҳои фалаксароиро меомӯзонанд. Ҳамзамон, дар донишкада анасамбли «Фалак» фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯ дарси маҳорати фалаксароиро ёд мегиранд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки фарогири рубоиёти «Фалаки даштӣ»,  «Фалаки паррон», шеърҳои “Фалаки сеқисма”, «Парво макун», «Ғами дил», «Қадри сухан», «Фалаки сеқисма»,  ғазалҳои «Сезарб», «Ҳар замон», “Силсилаи фалак” ва оҳангҳои марғуб буд, дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирон гардонда шуд.

Роҳбари бадеии барномаи ҳунарӣ:

 Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Баҳрулло Хайруллозода

Роҳбари мусиқӣ:

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодмон Муҳиддинов Коргардон:

 Дилшод Умаров

Додоҷон РӮЗИЕВ

Чоп кунед