Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд баргузор гардид, ки аз он беш аз 350 коргардон, ситораҳои синамо ва коршиносони тақрибан 40 давлати дунё дидан намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин кинофестивали байналмилалӣ таҳти роҳбарии директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён бо иштироки  Шуҳрат Қудратов, Тилло Некқадамов, Насриддин Нуриддинов, Муҳаббатхон Сатторова, Искандар Усмонов, Заур Дахте, Далер Раҳматов, Акмал Абдуллозода ва Комрон Сафаров ҳузур доштанд.

Тавре хабарнигори радиои “Овози тоҷик” дар Ўзбекистон аз рафти баргузории ҷашнвораи мазкур хабар дод, дар доираи он миёни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба наворбардории муштараки филми бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” Ёддошт ба имзо расид. Боиси тазаккур аст, ки ин филм рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ўзбеку тоҷик ба ҳисоб рафта, як пайванди наздике миёни ду кишвар, мисли ин ду мутафаккири бузург хоҳад бахшид.

Бояд гуфт, ки нақшаи ба навор гирифтани филми мазкур замоне барқарор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 10 то 11 июни соли равон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин муддат дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон як қатор филмҳои ўзбекӣ намоиш дода шуданд. Дар ҷараёни сафар Президенти Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки филм дар бораи ҳаёт ва дӯстии мутафаккирони бузурги халқҳои ўзбек ва тоҷик – Алишер Навоӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ таҳия карда шавад, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 28 — уми  сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Рӯзҳои синамои тоҷик оғоз гардид, ки то 2 – юми октябр идома ёфт. Дар чаҳорчӯби ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ тамошобинони ўзбек дар Тошканд, Андиҷон ва Фарғона аз филмҳои бадеии таҳиянамудаи филмсозони тоҷик, аз қабили “Тақдири шоир”, “Муаллим”, “Автобус”, “Рақси зиндагӣ” дидан намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир равобити ҳамаҷонибаи Ўзбекистону Тоҷикистон, хусусан дар бахши фарҳанг ба таври чашмрас густариш меёбад. Як қатор санадҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расониданд, асоси он шуда метавонанд.

Дар робита ба ин, моҳи майи соли равон Рӯзҳои кинои Ўзбекистон дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Дар раванди он филмсозони ҳар ду кишвар оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ ва лоиҳаҳои муштарак табодули афкор карда, як катор филмҳои ўзбекиро ба маърази тамошои мухлисони тоҷик гузоштанд.

Чоп кунед