Бо мақсади таргиби варзиш ва ҳаёти солим кормандони муассисаҳо ва коргоҳо новабаста ба соҳаи фаъолияташон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул мегарданд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ ба организми инсон манфиати бештар дошта, касро руҳан ва ҷисман солим мегардонад. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи рӯзи 9 феврал дар назди боғи «Шар-шара» кормандони муассисаҳои зертобеи он –Муассисаҳои давлатии театрҳои касбӣ, Филармонияи давлатии ба номи А. Ҷӯраев, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Консерватори миллии Тоҷикистон ва ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дастаҷамъона ба машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул гардиданд. Тибқи барқияи телефонии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби омӯзгорони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода 15 нафар дар ин чорабинии солимгардонӣ иштирок намуданд.
Қобилҷон САИДОВ –сармутахассиси
тарбиявии донишкада