Ашхоси санъатпеша, ки санъати актёрӣ ва ё бо истилоҳ ҳунарманди театру синамо шуданро мақсади худ қарор медиҳанд, шуҳратёр мегардад ва хизматҳои ӯро дар зиндагӣ ва баъд аз фавташ низ қадршиносӣ мекунанд.
Маҳмудҷон Воҳидов –Ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ аз қабили он ҳунармандоне дониста мешавад, ки дар саҳна ва синамои тоҷику хориҷ ҳунарнамоӣ карда, ҳамчун ҳунарманд, суханвар ва ровии нотакрор шинохта шудааст. Театр ва синамои тоҷик дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз бо нақшҳои офаридаи ин ҳунарманд шуҳрат касб кардааст, ки то ба имрӯз ихлосмандону ҳаводорони санъати шодравон М. Воҳидов атрофи беҳтарин симоҳои бозида ва хонишҳои ифоданоку бадеии ӯ ёдоварӣ мекунанд.
Рӯзи 5 феврали соли ҷорӣ дар синфхонаи 27 ДДФСТ ба номи М. Турсунзода зери унвони «Ситораи ҳунар» бахшида ба 80-умин солгарди шодравон М. Воҳидов кори мустақилонаи донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи санъати актёрӣ Бахтовар Хоҷамуродов баргузор гардид. Дар баргузории кори мустақилона садорати факултет, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд. Кори мустақилона барномасозӣ шуда, аз рӯи барнома декани факултет, дотсент Р. Воҳидов бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Сипас, очерки портретӣ дар бараи «Ҳаёт ва фаъолияти М. Воҳидов» дар иҷрои донишҷӯёни курси 2-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион Ҳоҷизода Фирӯза ва Гулрухсор Одинаев ба саҳми иштирокчиён расонида шуд. «Суруши Сталинград»-и М. Қаноат «Матвейи шуҷоъ» дар иҷрои донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи санъати актёрӣ М. Эгамов ва дар анҷом порча аз рӯи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и А. Ҷомӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Донишҷӯ- Бахтовар Хоҷамуродов дар ин порча бо иҷрои се нақш- Яъқуб, Юсуф ва А. Ҷомӣ рӯи саҳна нақш офарид. Шарифҷони А., М. Давлатов, Ҷ. Бобошоев дар нақшҳои бародарони Юсуф нақшофарӣ карданд. Дар таҳияи кори мустақилона на танҳо ҳунари нақшофарии донишҷӯ, балки ҳунари коргардонӣ ва ороиши саҳна низ ба назар мерасид.
Ба хулоса омадан мумкин аст, ки он таҷрибаи хуби омӯхтаи донишҷӯ Б. Хоҷамуродов дар муддати таҳсил даст додааст, ки дар як саҳна бо тағйири қиёфа, сину сол ва оҳанги гуфтор се чеҳраро бо амалиёт ба иҷро расонад.
Қайд кардан бо маврид аст, ки саҳми устодони пуртаҷриба, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ Т. Розиқов ва омӯзгори калони кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна Г. Каримова дар тарбияи кадрҳои соҳаи санъати актёрӣ назаррас буда, маҳсули кори мустақилонаи донишҷӯён самараи кори онҳо мебошад.
Бобоҷон РАҲИМОВ –мудири бахши
мониторинг ва сифати таълими
ДДФСТ ба номи М. Турсунзода