Бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи  Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 21 майи соли равон, маҳфили «Ҳаводорони забони олмонӣ» гузаронда щуд.

   Дар маҳфил ноиби ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода оид ба корҳои тарбиявӣ ва иҷтимоӣ Дилором Сангинова, кормандони ширкати DAAD Вилфрид Шпан, Кара Биллиг, муаллимаи забони олмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89 Мунаввара Ахмедова, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Муҳаббат Назарова ва дигарон иштирок намуданд.

   Мавзӯи маҳфил «Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» хеле муассир буд ва дар он донишҷӯёни курси 1- уми факултети Рӯзноманигори телевизион Азиззода Нигина, Сӯфиев Меҳроб, Каримова Лола, факултети Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Саидова Ҳуснигул, Р. Ибодова, донишҷӯёни соли 2 — юми факултети  Санъати мусиқии мардумӣ Сафармуроди Гулмурод,  Раҷабов Сулаймон, Сафаров Илҳом, Бобишоҳ Мавлонов, донишҷуёни курси 1- уми факултети Санъати мусиқии мардумӣ Холиқова Нозанин, Субҳонзода Зайнаб, Мирзоева Маҳваш, Миралиев Савзалӣ, Омина Ҷангибекова, Мамадшоева  ва донишҷӯи курси 1 – уми факултети Мусиқӣ- омӯзгорӣ Назаров Манучеҳр иштирок намуда аз асарҳои шоирону нависандагон ва композиторони машҳури немис И.В Гёте, И.С.Бах., В.А Моцарт, Ф. Шуберт ва шоирони тоҷик М.Турсунзода, Л. Шералӣ ва ѓайраҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ оҳангҳо навохтанд, суруд ва шеърҳо хонданд ва рақсҳои дилкаш иҷро намуданд.

Саҳначаи «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар иҷрои  донишҷуёни факултети Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Рустамзода А., Раҷабов Сафарбек, Эгамбердиев А., Азизуллоев С., Эҳсони Р., ки ҳамагонро ба омӯхтан ва азхуд намудани забонҳои хориҷӣ даъват менамуд, хеле ҷолиб буд.

   Ин маҳфил ба меҳмонони хориҷӣ хеле писанд омад ва онҳо назари худро чунин баён намуданд: “Мо хеле хушнуд шудем, ки дар ин донишкада донишҷуён забони олмониро меомӯзанд ва чунин чашмдор набудем, ки донишҷӯёни  курси якум, ки бори аввал забони олмониро омӯхта истодаанд, бо чунин маҳорат ин асарҳоро навохта тавонанд ва бо забони олмонӣ шеъру суруд сароянд”.

Қаҳрамон ХОҶАЕВ,

 Меҳрафрӯз  НОРОВА,

омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ