Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


Ту зи хусни худ, хабар кай дошти

Рўзи 3-уми марти соли ҷори бахшида ба рўзи модарон ва шамими бахори нозанин дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дар толори консертии донишкада донишҷўи курси 3 –уми факултаи мусиќї – омўзгорї Фарангис Гиёева таҳти унвони «Ҳусни Модар» ва фестивали «Ҷилваи ҳусн», ки ба «Рўзи модар» бахшида шуда буд, бо садои маҳину ҷаззоб шуълае афрохт, ки таъби тамоми иштирокчиён болида гардид.


   2016-03-03      Муфассал...

Ихтилофи мазҳабӣ ва паёмадҳои даҳшатбори он

Аз 2 январи соли 2016 то кунун муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ - ду кишвари исломӣ сард гардидааст. Ин сардиҳо, ки заминаи садсолаҳо дорад, бо қатли воиз ва мубаллиғи шиамазҳаби Арабистони Саудӣ Нимр ан-Нимр ба баландтарин дараҷаи худ расидааст, ки иддае аз коршиносон ва низоъшиносони ҷаҳон оқибати онро хатарнок ҳисобида, дар ниҳоят кор гирифтан аз чораҳои низомиро истисно намекунанд.


   2016-03-01      Муфассал...

Гурӯҳи ифротгароии динии муосир ташкилоти динист ё ҳаракати ҳарбию сиёсӣ?

   Ифротгароии динӣ ҳамчун тарзи инҳирофи фикрӣ дар дин, дар таърихи тамоми динҳои ҷаҳон ҳамеша ҷой доштаааст. Гоҳо афроди алоҳида ва ҳатто уламои алоҳидаи исломӣ дар фаҳмиши дин ба чунин дидгоҳ ва хулосаҳои тангу ифротӣ гирифтор шуда, тарзи фаҳмиши дигаронро шадидан танқид ва ё тамоман инкор мекарданд.


   2016-02-23      Муфассал...

Раҳмонобод дирӯзу имрӯз: пайғоми мардуми шаҳрак ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Аз Хоруғ то Раҳмонобод 30 км. Сардии ҳаво, роҳҳои яхбаста ба ҳаракати «Тангем»- ҳои чиноӣ дар ин роҳ, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, монеа эҷод намекунанд. Дар баромадгоҳи Хоруғ аз ронандае пурсидам:

- То Раҳмонобод чанд пул?

- Се сомонӣ, - мегӯяд ронанда ва даъват ба нишастан мекунад.


   2016-02-04      Муфассал...

Сахт нагӯӣ, суст наояд. Суҳбати ошкоро бо раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед

Шодихони Ҷамшед соли 2016-ро дар Бадахшон соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон кард

Якшанбе. Раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшедро дар дафтари кориаш танҳо дарёфтам. Ӯ ғарқи андеша дар курсие нишаста буд. Бо дидани ман ӯ аз ҷой нимхез шуд ва даъват ба нишастан кард. Суҳбати мо ошкоро буд. Ман бори аввал шоҳиди суҳбати роҳбаре дар ин сатҳ будам, ки ба ин андоза рӯшод сухан мегӯяд. Ин дилкафонӣ не, баёни ҳақиқати ҳол дар як гӯшаи кишварамон буд. Ин мактаби ошкорбаёнии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки борҳо, аз ҷумла боре ҳангоми суҳбат бо хабарногорони телевизиони «Ал-Ҷазира» дар Қатар шоҳиди он будам. Ман ҳам ба андеша рафтам: оё лозим аст, ки ҳамаи онҳоро рӯйи коғаз оварам?


   2016-02-04      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...