Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


Артиши миллии мо як такягоҳи кишвар аст,

Як сутуни устувору бардавоми бовар аст!

Рўзи 23.02.2017 дар толори консертии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 24-умин солгарди рўзи Артиши миллӣ ва Соли ҷавонон вохурии судбахш ва барномаи мукамали консертӣ бо ҳайати профессорону омўзгорон, донишҷўён ва кормандони таълимгоҳ баргузор гардид.


   2017-02-23      Муфассал...

Консерти озмуни навозандагони сол, сарояндаи сол ва базми гулҳо

Рўзи 25.05.2016, соати 11:00 дар толори калони маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода консерти озмуни навозандагони сол, сарояндаи сол ва базми гулҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он ректори донишкада


   2016-05-25      Муфассал...

Консерт бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўзи “Шашмақом”

   Дар таърихи 7-уми майи соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар толори хурди донишкада бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рўзи «Шашмақом» консерти ансамбли шашмақомсароёни факултаи мусиқӣ-омўзгорӣ зери роҳбарии омўзгор Зоиршо Ҳайдаров баргузор гардид.

   Дар консерт роҳбарияти донишкада ва дигар ҳаводорони ин жанри санъати мусиқӣ иштирок намуданд.

   Дар назди ҳозирин донишҷўёни факулта: Бердиев С, Гиёева Ф, Яқубов Б, Боев П, Хуҷамов О ва Хурсандов М бо сурудҳои хушу дилнавози худ аз ашъори пурғановати шоирони барҷаста ба монанди Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, А.Ҷомӣ, А.Бедил ва чандин дигари онҳо баромад намуда хотири ҳозиринро шод гардониданд.

   Инчунин дар охири консерт ректори донишкада мўҳтарам Латипов Д.Н ба сухан баромада иштирокчиён ва ҳозиринро ба муносибати рўзи «Шашмақом», ки ҳамасола рўзи 12-май дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад, таҳният намуда ба фаъолияти ин ансамбл барору комёбиҳо таманно намуд.


   2016-05-07      Муфассал...

Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода

Санаи 28-апрели соли 2016, соати 11:00 дар Толори калони консертии донишкада маҳфили санъату мусиқӣ бахшида ба «Ҳисоботи эҷодии устодон ва донишҷўёни факултаи мусиқӣ-омўзгорӣ» баргузор гардид.

Дар он ректор Латифзода Диловари Назришоҳ ва ҳайати маъмурият иштирок доштанд, ки дар оғози маҷлиси эҷодӣ сарвари донишкада баромад намуда, устодон ва ҳамаи ҳозиринро ба ин маҳфили эҷодӣ табрик намуда, ба кору фаъолияти эҷодиашон муваффақиятҳо таманно намуд.


   2016-04-28      Муфассал...

Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои рушди фарҳанги бадеӣ дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода 29 апрели соли равон дар толори калони консертии донишкада ифтитоҳи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои рушди фарҳанги бадеӣ дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор намуд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Латифзода Диловари Назришоҳ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳамаи устодон ва донишҷўёнро ба оғози ин  маъракаи илмӣ-амалӣ муборакбод намуда, дар корҳои эҷодиашон бурдбориҳо таманно  намуд.


   2016-04-29      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...