Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


ҚАДРДОН БОШ ТО ЗАМОНА БЕҚАДРАТ НАКУНАД

   Шурӯъ аз солҳои 60-уми асри гузашта зиёиёни тоҷик ба мафҳумҳои «худшиносӣ» ва ё «хештаншиносӣ» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Олимон ба воситаи  асарҳои илмӣ-тадқиқотии хеш ва шоирон тавассути шеърашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ талқин намуданд. Аммо мардум маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мафҳумҳои  «худшиносӣ» ва «худогоҳии миллӣ» дуруст сарфаҳм рафта, кӯшиш намуданд, ки таъриху фарҳанг ва адабиёту ҳикмати бекарони гузаштагонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Хулласи калом, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик ҳама шароитро фароҳам овард, муҳимтар аз ҳама ба мардуми тоҷик ИФТИХОР, СУЛҲ, ВАҲДАТ, ШУҲРАТ дод, ки ин мафҳумҳои муқаддас бояд барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азиз бошад. Боиси ифтихор аст, ки кишвари мо ҳама  имтиҳонҳои сахти зиндагӣ ва ҳодисаҳои гӯшношуниди таърихиро бомуваффақият паси сар намуд ва имрӯз ташаббусҳои созандаашро ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул дорад. Ба таъбири дигар дар меҳвари сиёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиати нодир ва эҳтироми инсон қарор дорад. Аз ин рӯ, на танҳо мардуми тоҷик, балки ҷомеаи ҷаҳони сиёсати кунунии Ҳукумати Тоҷикистонро сиёсати хирадмандона ва одилона арзёбӣ менамояд.


   2019-03-30      Муфассал...

СУХАНҲОИ БЕАСОСУ БАРДУРӮҒ САРЧАШМА АЗ
ҒАРАЗҲОИ НОПОКУ СИРИШТИ БАД…

Ҳар бад, ки мерасад ба ту аз кардаҳои туст,
Ҷурми фалак кадому гуноҳи ситора чист? (Саъдӣ)

   Воқеан сиришти нопоку бахилии аз ҳад зиёд чашми инсонро тира намуда, боис мегардад, ки инсон ба ҳар кору амали ношоиста даст занад.  Манзури мо аз ин гуфтаҳо суханони подарҳавову пур аз дурӯғу бадгӯие, ки Садиров дар ҳаққи Сарвари адолатпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суханони пур аз ғаразу туҳмат интишор ёфтаанд.

   Дар таърихи инсоният толеъи ҳамон миллате баланд аст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузургро ҳадя намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофи худ муттаҳид кунад ва дар сарзаминаш бо созандагӣ машғул бошад, сарҳадашро аз ҳуҷуми душман эмин нигоҳ дорад.


   2019-03-30      Муфассал...

ШАҲБОЗИ БАЛАНПАРВОЗИ СОҲАИ КИТОБДОРӢ

То китобхона боқист, халқ бобақост, ӯ, ки маҳв гардид, гузаштаву  фардо фано хоҳанд шуд.
Д. Лихачёв

   Обурӯ ва эътибори ҳар фард аз муносибати ӯ бо  атрофиён, аз одобу рафтор,  донишу маърифат,  фикру ақида, пиндору гуфтор  ҳувайдо мегардад. Агар шахсият дорои ақлу заковат,  таҷриба ва маҳорати ҳаётӣ бошад, ин гуна шахс албатта нигини дурахшандаи ҷомеа мегардад.    Холов Бозорбой Сайфуллоевич олим, эҷодкор, устоди ғамхору меҳрубон аст. Ӯ ҳамеша бо кори ҷаъмиятӣ, эҷодӣ ва таълимӣ банд аст ва боре ҳам нашудааст, ки ӯ дар фароғат ва ё берун аз кор бошад. Ӯ ташкилотчии моҳир, олими  сермаҳсул  ва омӯзгори пуртаҷриба аст.
   Мавсуф хатмкардаи факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, солиёни зиёд дар вазифаҳои сарбиблиографи Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (соли 1977), мудири кабинети факултети  китобдорӣ (солҳои 1979-1980), омӯзгори кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 1980-1983), омӯзгори калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Тусунзода (солҳои 1983-1985), аспиранти Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Санкт-Петербург (солҳои 1985-1988), дотсенти кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 1988-1992), мудири кафедраи китобхонашиносӣ (солҳои 1992-1994)  декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ (солҳои 1994-2001, 2005-2011),  кор кардааст. Аз  соли 2015 то имрӯз  декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода   (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода)  мебошад.
  Бозорбой Холов яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.   Дар баробари таълифи асарҳои илмию методӣ ҳамчун декани факултет ҷиҳати азнавсозию ба талаботи замон мувофиқу созгор намудани барномаҳо, стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани фан ва тахассусҳои нав (шуъбаи бойгонишиносӣ соли 2009) фаъолона ширкат варзидааст.
Ӯ яке аз таҳиягарони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва  «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ба ҳисоб меравад.
   Дар таълиму тарбияи  мутахассисони соҳаи китобдорӣ саҳми сазовор гузоштааст. Ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён магистрҳо ва доктор (PhD)   роҳбарӣ мекунад.
Таҳти роҳбари  ӯ  чандин нафаррон  корҳои  тадқиқотиашонро  бо муваффақият дифоъ намудаанд.
   Номбурда муаллифи беш аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла  «Фонди кушоди китобхона» (1982), «Муқаддимаи ихтисос» (1982), «Марҳамат ба факултети китобхонавӣ» (1984), «Мураттабсозии адабиёт ва ташкили тарбияи кадрҳои китобдорӣ» (1994), «Ҳам донишу ҳам ҳунар диҳад» (1995), «Услуби иншои кори курсӣ» (1998), «Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 30-солаги» (2001), «Нақши Вазорати фарҳанг дар таҳияи санадҳои давлатии соҳаи китобдорӣ» (2004), «Тарбияи касбии китобдорон дар Тоҷикистон: проблемаҳои истилоҳот» (2005), «Нақши Санкт –Петербург дар тайёр намудани кадрҳои санъат» (2005), «Технологияи муосири иттилоотӣ ва масъалаҳои тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг» (2010), «Ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон дар партави нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012), «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), «Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» ( 2013) «Танзим-самти муҳими ислоҳоти иҷтимоӣ дар ҳаёти имрӯзаи ҷамъиятии Тоҷикистон» (2018), «Таҳқиқи илмии фаъолияти китобдорӣ дар шароити рушди фарҳанги маънавӣ» (2018)  ва ғайра мебошад.
   Барои таълифоти илмиаш Бозорбой Холов  ғолиби озмуни «Олими пурмаҳсултарини сол»,  «Муаллими сол» дониста шуда, бо мукофоти давлатии медали «Хизмати  шоиста» мукофотонида шудааст.
  У инчунин ба нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.  Бидуни шак хизматҳои Холов Бозорбой дар рушду  нумӯи фарҳанги кишвар бахусус соҳаи китобдорӣ  барҷаста ва арзандаи эҳтироманд.

Зафари ШАРИФ,


   2019-03-29      Муфассал...

НАФАСИ СЕҲРАНГЕЗИ  НАЙ

   Оҳанги дилнишину дилписанди сози нафасии най рӯҳи инсонро болида, таъбашро шод ва қалбашро пурфараҳ мегардонад. То даме ки  оҳангсозу иҷрокунанда ба умқи маънии суруд ё ифодаи матлаб фурӯ нараванд, онҳо он  маъниеро, ки дар шеъру суруд нуҳуфтааст ё дар он ишора ёфтааст, дода наметавонанд. Тавлиди ҳар гуна оҳанги ҷаззоб бо сози най аз офарандаи он заҳмати зиёдро талаб мекунад.  Бинобар ин, навозандаи сози най аз ҳузури дили хеш нафас бурун меорад, набзи ӯ бо набзи  сози най метапад ва аз ин таппишҳо   ба дунёи мусиқӣ  оҳанги нав, ҷонбахшу рӯҳафзо тавлид мегардад. Ба дунёи ҳастии мусиқӣ пайвастани он маънии ҷовидониро ба худ мегирад, зеро ин навозиши най ба гӯши ҳазорон мухлис расида, ба дилашон роҳ  меёбад ва  абадан маскан мегирад. Асбобҳои торӣ, зарбӣ, нафасӣ ва ғайра дар санъати мусиқӣ фаровон истифода мешаванд ва ҳар яке ҷойи худро дорад, ки дар он навбат таъсири худро ба шунаванда мерасонад.


   2019-03-29      Муфассал...

27 МАРТ
Рӯзи байналмилалии театр

   27-уми марти соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба  Рӯзи байналмилалии театр чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он донишҷӯён, магистрон ва устодони факултети кино, театр ва телевизион иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

   Мудири кафедраи маҳорати актёрӣ Абдулҳафиз Қодирӣ иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати Рӯзи байналмилалии театр табрик намуда, зикр сохт, ки 27 марти соли 1961 дар шаҳри Прага бо дастгирии намояндаҳои конгресси нуҳуми Институти байналмилалии театр, ки дар назди созмони байналмилалии фарҳангии  ЮНЕСКО амал менамояд, қарори таҷлили Рӯзи байналмилалии театр ба тасвиб расид. Шурӯъ аз ҳамон сол ин рӯзро дар саросари ҷаҳон аҳли санъат ҷашн мегирад.


   2019-03-28      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...