Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


КОНСЕРТИ ҲИСОБОТӢ

Дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор гашт

Дар толори консертии «Арғунун» - и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 2 июни соли равон, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  консерти ҳисоботии омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Хайриддин Идиев, ректори донишкада, доктори илмҳои фалсафа, профессор, ба ин чорабинии муҳими фарҳангӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зимнан тазаккур дод, ки маҳз ба шарофати дастгирӣ

   2018-06-02      Муфассал...

ҲАШАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар он беш аз 600 нафар фаъолона ширкат варзид

2 июн дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва тозаву озода гардондани биноҳои таълимӣ, хобгоҳ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ  шанбегӣ гузаронда шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти донишкада, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён, ки беш аз 600 нафарро ташкил медоданд, фаъолона ширкат варзиданд.

   2018-06-01      Муфассал...

ПИРӮЗИИ «БОРБАДИЁН»

Бар дастаи «Закиён»

Дастаи «Борбадиён» - и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,  28 майи соли равон, дар барнома -озмуни телевизионии «Маҳфили зарифон», ки дар амфитеатри  Муассисаи давлатии «Боғи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид, ширкат варзида, бар дастаи «Закиён» - и  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  бо ҳисоби 68 хол,  6  имтиёз пирӯзӣ ба даст овард.

   2018-05-28      Муфассал...

КИШВАРИ ОЛТОЙ

Ҳамкориҳо тавсеаи бештар меёбанд

Дар шаҳри Барнаули кишвари Олтой аз 21 то 25 майи соли равон Форуми 1У Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи фарҳанг ва санъати кишварҳои Авросиё доир гардид. Ман бо даъвати ин ташкилоти минтақавӣ барои таҳкими равобити байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аъзо дар ин чорабинии сатҳи баланд иштирок намудам. Дар доираи форум, инчунин, конфронси илмӣ- амалии байналмилалӣ баргузор гашт.

   2018-05-25      Муфассал...

Бад магӯву бад маяндеш! (Посухе ба Муҳаммад Султон)

Мардуми сарбаланди тоҷик пойбанди арзишҳои истиқлолиятхоҳӣ ва таҳкурсии давлатдории миллӣ ҳастанд, ки ин ҳақиқати мутлақ ва баҳсношуданист, вале ба ном таърихнигоре ё навқаламе бо инкори гузаштаи замонӣ ба ин марзу бум дасту панҷаи душманӣ нарм намудааст. Таърихро ҳамон тавре ки ҳаст намепазирад. Муҳаммади Султон чунон риштаи суханро дар як маводи ғайрикасбӣ, зери унвони «КГБ, ҳоҷатхона ва «позитив»», ҷилва додааст, ки хонандаро ба сароби зеҳнӣ водор намуда, андешаи волои ватанпарастиро зери суол бурдааст.

   2018-05-24      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...



ҲАМКОРҲО