Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


ТАЪСИСИ СТУДИЯИ ТАЪЛИМИИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
Роҳи ҳалли масъала

   Миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки  ба тарбияи мутахассисони соҳаи телевизион ва радио, бахусус журналистони ҳирфавӣ дар ҷумҳуриамон фаъолият мекунанд,  ДДФСТ ба номи М. Турсунзода мавқеи  намоёнро соҳиб  гардидааст. Имрӯзҳо равияи рӯзноманигории телевизион яке аз ихтисосҳои бонуфузтарини донишкадаи мазкур ба шумор меравад, ки донишҷӯёни фаъол ва хатмкардагон фаъолияти ҳолӣ ва минбаъдаи хешро ба ҳайси ҳамкор ва коргари асосӣ дар идораҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ, хусусӣ, шаҳриву ноҳиявии кишвар  ба роҳ мондаанд.


   2018-12-27      Муфассал...

Тамошои дастаҷамъонаи Паём

   Субҳи  26 - декабри соли равон коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  бо рӯҳияи болидаву саршор аз муҳаббати бепоён нисбат ба Ватани муқаддаси хеш ва Сарвари хирадпешаи он ба донишкада ҳозир шуданд. Ҳамагон интизори тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Зеро ҳамасола Сарвари давлат, Пешвои миллат тавассути Паёми хеш аз дастовардҳои солҳои қаблӣ ёдрас гардида, барои оянда дастуру супоришҳои судманд ироа мекунанд.


   2018-12-26      Муфассал...

   Нурализода Ғунчагул - ҷавондухтари бомаърифат

    Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони доникадаю донишгоҳҳои кишвар  озмуни  ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018 »  доир карда шуд. Озмун сараввал миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо пешниҳоди шартҳо, сурат гирифт. Дар даври якум миёни донишҷӯдухатарони факултаҳои ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода ду нафар: Нурализода Ғунчагул – донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзноманигори телевизион, Орзузода Омина донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи санъати мусиқии факултети мусиқӣ- омӯзгорӣ ҷои аввалро соҳиб шуданд. 


   2018-12-26      Муфассал...

Конфронcи илмӣ- назариявӣ ва эҷодӣ
ба ифтихори 400 солагии шоири машҳури тоҷик Сайидои Насафӣ

   Шахсе, ки рӯ  ба дунёи адаб оварда, каломи бадеъро ба ришати назму наср бармекашад ва  хираду ирфони  инсониро рӯ мекушояд аз зумраи нобиғагони адабиёти аср дониста мешавад. Ҳар мисраи байти пурмазмуну баландпояи осори онҳо,  мавриди эътиқоду эътибор  қарор гирифта, шиори зиндагӣ ва сабақдиҳанда дар  ҷаҳони маънавии мо мегарадад. Бо ин мақсад рӯ овардан ба абёти шоирону нависандагони классики тоҷик ва таҷлил кардани санаҳои муҳим аз ҳаёти  ҳамон давраи басардоштаи онҳо, рамзи гиромидошт ва ифтихор аз гузаштагонамони бофарҳангу тамаддунофари ниёгони мо мебошад.


   2018-12-26      Муфассал...

ВОХӮРИИ ХОТИРМОН

    21 декабр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  маҳфили эҷодӣ  таҳти  унвони «Устод ва шогирд» бо иштироки  Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов  баргузор гардид.  Нахуст ба иштирокдорони ин чорабинии фарҳангӣ филми ҳуҷҷатӣ, ки  дар бораи  ҳолнома, муҳити тарбияёфта, фаъолияти ҳунарӣ ва сафарҳою дастовардҳои  ин ҳунарманди маъруфи тоҷик қисса мекард, намоиш дода шуд.


   2018-12-22      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...