Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


ҶАВОНОН – НЕРУИ ОЯНДАСОЗИ  МИЛЛАТ

   Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд,  бо ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону  фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру  зирак бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

   Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки  онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи  сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши созгор  доранд. Давлат барои ворид шудани  насли  ҷавон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ,  иқтисодиву иҷтимоӣ шароитҳои мусоид муҳайё намудааст, ки ин нуктаҳоро Сарвари давлат зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат, 21 майи соли 2005, ёдовар шуда буданд:  «Насли наврас ва  ҷавонони имрӯза бояд аз он шукургузор  бошанд,  ки дар давлати соҳибистиқлол  зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд,  фарзанди  миллати сарбаланду соҳибтамаддун  ва ватани ободу  мустақил  мебошанд. Ин давлати соҳибистиқлол  барои  имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи  имкон шароит муҳайё месозад ва барои рушду нумуи кишвар тадбирҳо  меандешад». Вобаста ба ин, вохӯриҳои  зиёди Сарвари давлат бо ҷавонон ва ҳалли  масъалаҳои  дар ҳаёти онҳо ҷойдошта,  бозгӯи  дасгирии  ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.


   2019-01-07      Муфассал...

ФАРҲАНГИ МАЪНАВӢ. ОМӮЗИШ, ТАҲҚИҚ ВА ОЯНДАБИНӢ

   Чанде пеш  дар  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони  «Вазъияти омӯзиш ва таҳқиқи фарҳанги маънавӣ дар Тоҷикистон ва ояндабинии он» баргузор гардид. Дар кори он устодон, кормандони илмӣ, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯи ихтисоси PhD ва магистрони донишкада, инчунин, намояндагони Академияи илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илму фарҳанги ҷумҳурӣ,  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо ҳузур доштанд.


   2019-01-07      Муфассал...

АРЗИ СИПОСИ РЕКТОР

   4 январи соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел намудани омӯзгорон ва кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба вазифаҳои масъулиятнок ҷаласаи корӣ доир гардид.


   2019-01-07      Муфассал...

«Парвоз ба олами афсона бо рейси Tj  2019»

   Дар Театри таълимии  ДДФСТ ба номи Мирзо  Турсунзода бо фаро расидани  Соли нави мелодӣ  31 декабр ба таълимгирандагони мактаб-интернати № 1 барои кӯдакони ятими  шаҳри Душанбе   Шоу барномаи «Парвоз ба олами афсона бо рейси Tj  2019»  намоиш дода шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар арафаи чунин ҷашнҳо таваҷҷуҳ ва дастгирӣ кардани  ятимон,  бепарасторон дар асоси дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, бештар гардида шаҳодат аз ҳимматбаландии ашхоси алоҳида, ташкилот ва гурӯҳҳои аҳли ҷоме медиҳад.  Иқдоми раёсати Донишкадаи мазкур низ ба хотири болидарӯҳи ва хушҳолии таълимгирандагони  ин муассисаи таълимӣ равона гардидааст.  Шоу барномаи «Парвоз ба олами афсона бо рейси Tj  2019»  иштироки  қаҳрамонҳои афсонавӣ- Бобои Барфӣ, Барфак, Аҷуза  ва ҳайвонҳои дар солшуморӣ омадаро фаро гирифтааст. Мазмуни намоишнома паҳлуҳои хуби тарбиявиро фаро гирифта, тамошобинро  ба  сарҷамъӣ, иттифоқӣ ва  накӯкорӣ даъват менамояд.


   2019-01-01      Муфассал...

Китоби сол - 2018

   Бо чунин унвон дар толори Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ба кори озмун муовини аввали Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо шартҳо, иштирокчиён ва ҳакамони озмун шинос намуд. 

   Дар бахши назм шоира Гулрухсор Сафиева барои китоби «Лабчанг», шоирон Камол Насрулло барои китоби «Дар оғӯши хазонрез» ва Гурез Сафар барои китоби «Се тори ҳамнаво» ғолиб дониста шуданд.


   2018-12-29      Муфассал...




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...